Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонсон гуфт, ба "душманӣ"-и Русия посух медиҳанд


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш барои муқобила бо "душманӣ"-и Русия алайҳи Украина имкони ҷойгир кардани нерӯҳо ва киштиву ҳавопаймоҳои ҷангиро дар Аврупои Шарқӣ баррасӣ мекунад.

Борис Ҷонсон шоми 29-уми январ дар изҳороте гуфт: "Ин тасмим ба Кремл паёми рӯшан хоҳад дод, ки мо фаъолияти бесуботкунандаи онҳоро таҳаммул нахоҳем кард. Мо ҳамеша бо муттаҳидони худ дар НАТО дар баробари душмании Русия хоҳем истод."

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки кишварҳои узви НАТО ваъда додаанд, аз Украина пуштибонии изофӣ хоҳанд кард.

Русия ҳазорҳо нерӯяшро дар марз бо Украина ҷойгир кардааст. Кишварҳои ғарбӣ аз эҳтимоли ҳамлаи Русия ба Украина дар ташвиш ҳастанд.

Фаронса рӯзи 29-уми январ нақшаи фиристодани садҳо сарбози худро ба Руминия эълон кард.

Иёлоти Муттаҳида гуфт, ба зудӣ шумори каме аз нерӯҳояшро ба кишварҳои НАТО дар Аврупои Шарқӣ мефиристад ва ҳазорон нафари дигарро ба ҳолати омодабош даровардааст. Амрико дар саросари Аврупои Ғарбӣ даҳҳо ҳазор нерӯ дорад.

XS
SM
MD
LG