Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажуҳишҳои нав коромадии ваксинаи саввумро нишон додаанд


Ду пажуҳиши нав дар Амрикову Бритониё далелҳои наверо нишон додаанд, ки ваксинаи саввум аз COVID-19 теъдоди беморони бистарӣ ва маргу мир аз бемориро бисёр кам мекунад.

Оҷонси Тандурустии Бритониё рӯзи 27-уми январ гуфт, ваксинаи саввум хатари марг аз навъи омикронро дар байни мардуми аз 50-сола боло то 95 дар сад кам мекунад. Ба гуфтаи ин муассисаи тиббӣ, ёфтаҳо нишон додаанд, ки ваксинаи саввуми Пфайзер-Бионтек то 90 дар сад аз бемори бистарӣ шудан эмин нигаҳ медорад. Масунияти бадани баъзеҳо баъди 10-14 ҳафта аз 90 дар сад то 75 дар сад поин омадааст.

Мери Рамсей, яке аз мудирони Оҷонси Тандурустии Бритониё гуфтааст, ки “Далелҳо возеҳ аст, ки ваксинаҳо дар муҳофизати мо аз СOVID-19 кумак мекунанд ва ваксинаи саввум, аъзои осебпазиртарини ҷомеаи моро аз марг эмин нигаҳ медорад.”

Маркази Назорат ва Пешгирӣ аз Бемориҳо дар Амрико гуфт, ки як пажуҳиши дигар нишон додааст, ки ваксинаи саввуми Пфайзер Бионтек ва ё Модерна хатари бемори бистарӣ шудани афроди дорои масунияти заифро ба таври чашмгир кам мекунад.

Таҳқиқро, ки соли гузашта ва замоне анҷом додаанд, ки навъи делтаи коронавирус зиёд буд ва ба гуфтаи муаллифонаш ваксинаи саввум масунияти қавии баданро қавитар мекардааст.

XS
SM
MD
LG