Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат пешниҳод кард, сиёсатҳои Қазоқистон бо Назарбоев ҳамоҳанг нашавад


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Сенати Қазоқистон пешниҳод кард, ки самтҳои асосии сиёсати хориҷиву дохилии Қазоқистон бо президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҳамоҳанг карда нашавад.

Пештар аз ин, порлумони Қазоқистон Назарбоевро аз мақоми раисии якумрии Шӯрои амният ва Маҷмаи халқҳои Қазоқистон маҳрум кард.

"Сенат тағйиротро ба қонунгузорӣ қабул кард, ки бар асоси он Шӯрои амният ва Маҷмаи халқҳои Қазоқистонро бояд раиси ҷумҳурӣ роҳбарӣ кунад. Дар ҳамин ҳол, сенаторҳо - вакилони табақаи болоии порлумони Қазоқистон пешниҳод карданд, ки Элбаси ё пешвои миллат - Нурсултон Назарбоев аз ҳаққи таъйини самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар маҳрум шавад," -- хабар дод Лаззат Сулаймон, яке аз сенаторҳои Қазоқистон.

Назарбоев унвони президенти нахустини Қазоқистонро қонунан соли 2000-ум соҳиб шуд. Ҳамоҳанг кардани сиёсати дохиливу хориҷии кишварро соли 2010 ба ин қонун ворид карданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти кунунии Қазоқистон рӯзи 5-уми январ эълом кард, ки раисии Шӯрои амниятро соҳиб шудааст. Дар ҳоле, ки Назарбоев қонунан мебоист, то охири умр раиси Шӯрои амният монад.

XS
SM
MD
LG