Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаботи нав ба туркманистониҳое, ки қасди зиндагӣ дар Русияро доранд


Мақомоти Туркманистон сокинонеро, ки барои иқомати доимӣ ба Русия сафар мекунанд, маҷбур менамоянд, то аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашанд.

"Мақомот аз сокиноне, ки барои иқомати доимӣ ба Русия мераванд, талаб мекунанд, то аз шаҳрвандии Туркманистон даст кашанд. Сабаби ин талаботи шифоҳии мақомот шарҳ дода намешавад. Бисёриҳо барои берун рафтан аз кишвар маҷбур ҳастанд, ки талаби мақомотро иҷро намоянд", - изҳор дошт як сокини Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми январ.

Ба гуфтаи ӯ, раванди даст кашидан аз шаҳрвандӣ дар Туркманистон хеле мушкил ва тулонӣ аст. "Барои даст кашидан аз шаҳрвандӣ ба мақомоти дахлдор расман дархост мефиристед ва ингуна дархостҳо соле ду бор - моҳҳои май ва ноябр баррасӣ мешаванд", - афзуд манбаъ.

Бино ба хабарҳо, шумори туркманистониҳое, ки бо мақсади иқомати доимӣ дар Русия ватанро тарк мекунанд, давоми солҳои ахир афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG