Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистонаи Чин иштирок намекунад


Коршиносон база ё урдугоҳи лижарониро дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намедонанд
Коршиносон база ё урдугоҳи лижарониро дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намедонанд

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV-и зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намекунанд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо натавонистаанд, меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, президенти Тоҷикистон барои ҳузур дар Бозиҳои олимпӣ сабти ном шудааст, аммо маълум нест, ки ӯ ба Пекин меравад ё не. Қаблан раиси КДАМ гуфта буд, амнияти ҳайати кишварро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ таъмин карда, "барои аз байн бурдани таҳдидҳои эҳтимолӣ чораҳои фаъол меандешанд."

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик – Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов – барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Пекин-2022 аз намуди лижаронии кӯҳӣ талош доштанд, вале мусобиқоти литсензионӣ дар Покистону Эрон ба иллати пандемия бекор шуд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхати олимпӣ маҳрум гаштанд.

Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ соли 2018 дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ низ иштирок накарда буд.

Намояндагони Тоҷикистон аз соли 2002 дар чаҳор Олимпиадаи зимистона ширкат кардаанд. Варзишгари русиягӣ Андрей Дригин, ки дар шаҳри Красноярск зиндагӣ мекунад, се бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Вай соли 2002 дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар супергигант иштирок дошт, вале ба марра нарасид. Дригин соли 2006 дар Олимпиадаи Турини Италия ва соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада низ иштирок дошт.

Андрей Дригин
Андрей Дригин

Ба Олимпиадаи соли 2014 дар Сочии Русия ду варзишгари Тоҷикистон – Андрей Дригин ва Алишер Қудратов роҳхат гирифтанд, вале танҳо як нафари онҳо – Алишер Қудратов дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом роҳ дода шуд. Дригин вазифаи мураббиро ба ҷо овард.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20-уми феврали имсол баргузор мешавад. Варзишгарон барои 109 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) мубориза мебаранд.

Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. Ба назари коршиносони соҳа, база ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар инҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад. Инчунин дар ин урдугоҳ барои омода кардани варзишгарони соҳибихтисос шароити зарурӣ мавҷуд нест.

Парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Олимпиадаҳои зимистона:

Соли 2002, Солт-Лейк-Сити, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ғаффор Мирзоев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Соли 2006, Турин, Италия

Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Соли 2010, Ванкувер, Канада

Алишер Қудратов, варзишгар.

Соли 2014, Сочи, Русия

Алишер Қудратов, варзишгар.

XS
SM
MD
LG