Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ аз рафтан ба Олимпиадаи Чин худдорӣ кард


Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея эълон кард, ки наметавонад дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекини Чин ширкат кунад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Оҷонсии марказии телеграфии Кореяи Шимолӣ хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Кореяи Шимолӣ варзишгарони худро ба далели "амалиёти қувваҳои душманона" ва пандемияи коронавирус ба Олимпиада намефиристад. Дар баробари ин зикр мешавад, ки "Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея рафиқони чиноиро барои баргузор кардани фестивали бошукӯҳ ва ҷолиби олимпӣ дастгирӣ менамояд".

Қаблан Майк Райан, раҳбари барномаи изтирории Созмони ҷаҳонии беҳдошт, гуфта буд, ки ин ташкилот дар мизбонии Олимпиадаи зимистона дар Пекин бо дарназардошти чораҳои қатъии эпидемиологӣ ва дигар иқдомҳои аз ҷониби мақомоти Чин пеш аз мусобиқот гирифташуда ягон хатари ҷиддиро намебинад.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4-ум то 20-уми феврали соли 2022 баргузор мешавад.

Дар таърихи ҳаракати олимпӣ Пекин ягона шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (2008) ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпиро (2022) мизбонӣ мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 95 кишвари дунё дар назар аст ва онҳо барои 109 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар айни ҳол ду варзишгари тоҷик - Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов - барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Пекин-2022 аз намуди лижаронии кӯҳӣ талош меварзанд.

XS
SM
MD
LG