Поп Франсис, пешвои католикҳои ҷаҳон, бо ҳадафи поён бахшидан ба буҳрони Украина хост, 26-уми январ рӯзи байнулмилалии "дуо барои сулҳ" эълон карда шавад.
Вай ҷонибҳоро ба музокироти сиёсӣ хонд, аммо гуфт, ҳадафи асосии он "бародарӣ" бошад, на "манфиатҳои гуруҳӣ".
Попи Рум рӯзи 23-юми январ ҳангоми суханронӣ дар ҳузури зоирон гуфт: "Афзоиши танишҳоро, ки зарбаи наве ба сулҳу оромӣ дар Украина буда, амнияти Аврупоро зери суол мебарад, бо нигаронӣ пайгирӣ мекунам."
Ватикан ҷузъиёт надод, ки рӯзи байнулмилалии дуо барои сулҳро чӣ гуна таҷлил мекунанд.
Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ҳушдор додаанд, ки Русия бо ҷамъоварии беш аз 100 ҳазор сарбоз дар наздикии марзи Украина эҳтимол ба як ҳамла омода мешавад. Маскав ин иддаоро рад кардааст.