Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари Чеченистон таҳдиди "ғасби деҳаҳо"-и Ингушистонро кард


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистони Русия, дар як муроҷиати видеоӣ аз сокинони Ингушистон талаб кард, ки давоми се рӯз даъвоҳояшонро нисбат ба вай мушаххас кунанд. Агар даъвоҳо беасос ва таҳқиркунанда бошанд, ба гуфтаи вай, қонуне монеаш нахоҳад шуд ва хостаашро амалӣ хоҳад кард.

Қодиров дар навор мегӯяд, "афродеро, ки шарафу номуси мардуми ӯ, хонавода ва худи ӯро доғдор мекунанд, ба ҳоли худ намегузорад". Вай илова кард, ки посухро се рӯз мунтазир мешавад. Узрпурсии сардори идораи умури дини Ингушистон Яҳё Ҳоҷиев хашми Рамазон Қодировро ба бор овард. Вай барои бағалкашӣ бо Қодиров узр пурсид.

Қодиров дар муроҷиаташ бори дигар таҳдид кард, ки марзҳои Чеченистон бо Ингушистонро бозбинӣ мекунад. Вай гуфт, бино ба созишномаи 26-уми сентябри соли 2018, дар Ингушистон чанд деҳаи Чеченистон мондааст.

"Бо номи Худо савганд, ки агар дурӯғ гӯям: ман тарзе рафтор кардам, ки роҳбари шумо дархост карда буд. Ман гузашт кардам, деҳаҳоямонро мондам. Ҳоло ба он иғвогарон муроҷиат мекунам. Ман заминҳои шуморо ба он хотир гирифтам, ки шуморо одам ва мард намеҳисобам. Деҳаҳои дигари боқимондаро ҳам мегирам, зеро то замоне, ки ман ин корро накунам, шумо ором намегиред", - гуфт Қодиров.

Созишномаи соли 2018 дар мавриди тақсими марзҳо боиси эътирозҳои мардуми дар Ингушистони Русия шуд. Сокинони Ингушистон гуфтанд, марзҳо одилона тақсим нашудаанд.

XS
SM
MD
LG