Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як нозири идораи барқро дар Панҷ задаанд


Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ
Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ

Дар вилояти Хатлон ба таҳқиқи латукӯби як нозири барқ оғоз кардаанд.

Мақомот мегӯянд, Қосим Сатторов ҳангоми талаби пули барқ дар ноҳияи Панҷ аз косахонаи сару бинӣ осеб дидааст. Ҷониби дигар шарҳе надоданд. Ҳодиса 7-уми январи имсол рӯй дода, дар он сокини ноҳия Саидбурҳониддин Ғиёсов ва пайвандонаш гумонбаранд.

Қосим Сатторов, нозири барқ, рӯзи 12-уми январ гуфт, талаби ӯ аз соҳиби хона қонунӣ буд. "Онҳо дар пардохти барқ мушкил доштанд. Дар гузашта огоҳинома дода будем. Роҳбар дастур дод, ки барқи онҳоро хомӯш кунем. Дар хонаашон даъво шуд. Баъди як соат аъзои хонавода омада, маро заданд," -- нақл кард ӯ.

Сатторови 26-сола мегӯяд, аввал дар шифохонаи ноҳияи Панҷ ва сипас дар бемористони шаҳри Бохтар бистарӣ карда шуд.

Мо барои фаҳмидани асли қазия ба Саидбурҳониддин Ғиёсов, сокини кӯчаи Фарғонаи ноҳияи Панҷ, тамос гирифтем. Ӯ дар мавриди латукӯби нозири барқ чизе нагуфт.

Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тафтишотро оғоз кардаанд, аммо тафсилот надоданд. Маълум нест, бар асоси кадом модда парванда кушодаанд.

XS
SM
MD
LG