Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Узбекистон дар як соли охир 1 млн афзудааст


Кумитаи давлатии омори Узбекистон хабар дод, ки то 1 январи соли 2022 аҳолии ин кишвар ба 35 млн 271 ҳазору 276 кас расидааст. Аз ин теъдод 17,9 млн (50,7%) дар шаҳрҳо ва 17,4 млн (49,3%) дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Кумитаи омор хабар дод, ки 1 январи соли 2021 аҳолии Узбекистон 34 млн 558 ҳазору 900 касро ташкил медод. Дар соли 1991 аҳолии он кишвар аз 20,6 млн кас иборат буд. Ба ин тартиб, дар 30 соли охир аҳолии Узбекистон бештар аз 15 млн афзудааст.

XS
SM
MD
LG