Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти ширкати марбут ба духтари Назарбоевро қатъ мекунанд


Алия Назарбоева
Алия Назарбоева

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 11-уми январ дастур дод, ки фаъолияти ширкати "Оператор РОП" қатъ карда шавад.

Ин ширкатро ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, рабт медиҳанд.

“Соҳибкорон ва ҷомеа дар мавриди ширкати маъруф ба "Оператор РОП" суолҳои зиёде доранд. Кор то ҷое расид, ки як ҳаракати мардумӣ зидди ин ширкат ташкил шуд. Ман ба ҳукумат дастур медиҳам, ки фаъолияти ширкати мазкурро қатъ кунад,” -- гуфт Тоқаев.

Ширкати "Оператор РОП" соли 2015 таъсис шуд. Ин ширкат ба таъсиси зерсохтори марбут ба ҷамъоварии партовҳо ва коркарди партовҳо машғул аст.

Алия Назарбоева рабт доштани худро ба ширкати мазкур ошкор накардааст, аммо расонаҳо навиштанд, ки даромади ширкатро Назарбоева соҳиб мешавад.

XS
SM
MD
LG