Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон сарвазири нав таъйин кард ва гуфт, "нерӯҳои СПАД берун мешаванд" ВИДЕО


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ки рӯзҳои нооромеро паси сар кард, рӯзи 11-уми январ гуфт, нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки барои ба эътидол овардани вазъ омада буданд, ба зудӣ аз кишвар мераванд. Ӯ дар ин бора ҳангоми суханронӣ ва муроҷиат ба вакилони порлумони Қазоқистон сухан гуфт.

"Маъмурияти асосии нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бомуваффақият поён ёфт. Баъди ду рӯз хуруҷи марҳилавии нерӯҳои воҳиди паймон оғоз меёбад. Раванди ихроҷи нерӯҳо на камтар аз даҳ рӯзро дар бар мегирад," – афзуд Тоқаев.

Нерӯҳои паймони таҳти раҳбарии Русия, аз ҷумла сарбозони тоҷик, ҳафтаи гузашта бо даъвати раҳбарони Қазоқистон ва баъди он ба Алмаатову дигар шаҳрҳо рафтанд, ки тазоҳурот ба зидди болоравии қимати гази моеъ ба ошӯбу хунрезӣ ва бархӯрди издиҳом бо маъмурони пулис кашид.

Қосимҷомарт Тоқаев иддао кард, ки тазоҳуротро “террористон” ба дасти худ гирифтанду хостанд, ҳукуматро сарнагун кунанд, вале таҳлилгарон мегӯянд, беназмӣ натиҷаи муборизаи атрофиёни раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев бо Тоқаев буд, ки соли 2019 ҷойгузини ӯ шуд.

Тазоҳурот рӯзи 2-юми январ дар шимоли Қазоқистон бо талаби поин овардани қимати гази моеъ оғоз ёфт, вале баъдан бо шиорҳои сиёсӣ дар гӯшаҳои дигари кишвар паҳн шуду ба ошӯбу хунрезӣ кашид. Дар натиҷа, ба гуфтаи мақомот, беш аз 160 нафар ба ҳалокат расиданду садҳо нафари дигар захм бардоштанд.

Ҳамзамон рӯзи 11-уми январ Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон эълон кард, ки нерӯҳои амниятӣ дар пайванд ба нооромиҳои ахир ҳудуди 10 ҳазор нафарро боздошт кардаанд.

Қазоқистон аз кишварҳои сарватманду амнтарини Осиёи Марказӣ дар таърихи 30 соли истиқлоли худ шоҳиди чунин буҳрон нашуда буд.

Сарвазири нав дар Қазоқистон

Тоқаев рӯзи 11-уми январ ҳамчунин ба вакилон гуфт, ки Алихон Исмоиловро нахуствазир таъйин кардааст. Исмоилови 49-сола дар ҳукумати пешина, ки Тоқаев ҳафтаи гузашта дар пайи нооромиҳои дохилӣ онро пароканда кард, дар мақоми муовини аввали нахуствазир кор мекард.

Наворро дар инҷо бинед:

Нерӯҳои СПАД аз Қазоқистон берун мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG