Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навозандаи қирғиз, ки дар Қазоқистон боздошт шуда буд, раҳо шудааст


Викрам Рузахунов дар навори расонаҳои давлатии Қазоқистон гуфт, ки барои эътироз омада буд.

Викрам Рузахунов, навозандаи қирғиз, ки дар Қазоқистон бо гумони даст доштан дар бетартибиҳо боздошт шуда буд, ба Қирғизистон баргашт.

Ӯро то марзи кишвараш консули Қирғизистон дар Қазоқистон ҳамроҳӣ кардааст.

Рузахунов дар як навори рӯзи 10-уми январ ба онҳое, ки барои озодиаш талош кардаанд, ташаккур гуфт ва афзуд, ки ҳоло дар Қирғизистон қарор дорад.

Рӯзи 9-уми январ расонаҳои давлатии Қазоқистон навори суҳбати мардеро нашр карданд, ки мегуфт, аз Қирғизистон барои ширкат дар эътироз омада буд. Ҳарчанд, номи ӯ гуфта намешуд, вале қирғизистониҳо навозандаро шинохтанд.

Ӯ дар ин навор гуфта буд, ки барои ширкат дар эътироз ба ӯ 200 доллари амрикоӣ ваъда карда буданд ва дар хонаи иҷорае зиндагӣ мекард, ки тоҷикону узбекон низ буданд.

Ҳарчанд, дар видеои расонаҳои давлатӣ Рузахунов ба ҳузури тоҷикону узбекон дар нооромиҳои Қазоқистон ишора мекард, вале расман аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон дар эътирозҳои ин кишвар хабаре нашр нашудааст.

Мақомоти қирғиз ва пайвандонаш гуфтанд, ки ӯ зери фишор суҳбат кардааст, чун дар чеҳрааш осори латтукӯб дида мешуд.

Ба нақли хешовандонаш, рӯзи 2-юми январи соли равон Рузахунов бо дархости мухлисонаш барои ширкат дар кадом маросими хурсандӣ ба Алмато рафта буд ва то лаҳзаи нашри навори боздошташ бо онҳо тамос надошт.

Пас аз нашри ин видео гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар назди бинои сафорати Қазоқистон барои раҳоии Рузахунов эътироз карданд. Камчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон гуфта буд, ки барои озодии ӯ талош мекунанд, чун бовар доранд, ки ӯ дар ҳеч ҷинояте даст надорад.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба боздошти Рузахунов ба Қазоқистон нотаи эътирозӣ ирсол кард.

Зоҳиран, ба гуфтаи коршиносон, мақомоти қазоқ талош доранд, нишон бидиҳанд, ки дар эътирозҳои ин кишвар хориҷиён иштирок доштанд. Аз ин рӯ, осемасар Рузахуновро боздошт карданд, вале дар пайи эътирози ҷониби Қирғизистон ӯро раҳо карданд.

Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.

То кунун мақомоти қазоқ ҳеҷ далели ҳузур доштани "террористон"-ро пешниҳод накардаанд. Аксаран, ба иддаои мақомоти қазоқ бовар надоранд. Сокинон мегӯянд, ҳукумат эътирозгаронро бераҳмона саркуб кард ва ҳоло дар ҷустуҷӯи далел барои худсафедкунӣ ҳаст.

Қазоқистон, як кишвари сарватманди Осиёи Марказӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби Нурсултон Назарбоев идора мешуд. Эътирозгарон рафтани ӯро аз қудрат талаб доштанд.

Президенти собиқи Қазоқистон аз рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар мазҳари ом дида намешавад. Дар Твитери ӯ навишта шудааст, ки дар Қазоқистон қарор дорад, вале аксаран ба ин бовар надоранд. Рӯзи 5-уми январ Қосимҷомарт Тоқаев эълон кард, ки вазифаи раиси Шӯрои амнияти миллиро ӯ ба душ гирифтааст. То ин замон ин вазифаро Нурсултон Назарбоев соҳиб буд.

Мақомот эълон карданд, ки беш аз 5 ҳазор нафарро дар робита ба ширкат дар нооромиҳои ахир боздошт кардаанд. Дар ин нооромиҳо садҳо нафар ҷароҳат бардоштааст ва мақомот аз ҳалокати 164 нафар хабар доданд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG