Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қазоқистон


Алмаато, 7-уми январи 2022
Алмаато, 7-уми январи 2022

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни беназмиҳои чанд рӯзи охир дар он кишвар мотами миллӣ эълон шудааст. Котиби матбуотии президенти Қазоқистон Берик Уали дар Фейсбук гуфт, ин маросим 10-уми январ баргузор мешавад. Вай афзуд, тасмим "дар робита ба талафоти зиёди инсонӣ" гирифта шуд.

Раҳпаймоие, ки рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон шуруъ шуд, дар минтақаҳои дигар ҳамовозӣ ёфт ва баъдан ба хушунат печид.

Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни беназмиҳо 18 низомӣ кушта ва низомии дигар захмӣ шуданд.

Дар бораи кушта ва захмӣ шудани даҳҳо эътирозгар, ки мақомоти Қазоқистон онҳоро “бандит” ва “террорист” мехонанд, низ гузоришҳо расидаанд. Беш аз 4 ҳазор кас дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG