Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон ҳамроҳам буданд". Вокуниш ба боздошти мусиқинавози қирғиз дар Қазоқистон


Викрам Рузахонов, мусиқинавози қирғиз, ки дар Қазоқистон боздошт шудааст.
Викрам Рузахонов, мусиқинавози қирғиз, ки дар Қазоқистон боздошт шудааст.

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 9-уми январ навори суҳбати як боздоштшуда бо чеҳраи зоҳиран латукӯбшударо нашр карданд, ки худашро шаҳрванди Қирғизистон муаррифӣ кард ва гуфт, барои иштирок дар эътирозҳои ин кишвар ба ӯ 200 доллар ваъда карда буданд.

Дар Қирғизистон ин нафари боздоштшударо зуд шинохтанд. Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки ӯ Викрам Рузахонов, мусиқинавоз аст, ки ҳеҷ рабте ба эътироз дар Қазоқистон надорад. Пайвандонаш гуфтанд, ки Рузахонов бо дархости мухлисонаш рӯзи 2-уми январ барои ҳунарнамоӣ ба ин кишвар рафта буд.

Дар наворе, ки расонаҳои давлатии Қазоқистон нашр кардаанд, Рузахонов мегӯяд, дар эътироз иштирок карда буд ва дар як хонае қарор дошт, ки он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон низ буданд. Пайвандон ва мақомоти қирғиз ин наворро саҳансозишуда медонанд ва ба воқеияти он бовар надоранд. Ӯ дар ин навор даст доштанаш дар бетартибиҳои Қазоқистонро тасдиқ мекунад, вале пайвандонаш мегӯянд, ӯ зери фишор чунин суҳбат кардааст. "Рӯзи дуюм ман ба Алмато парвоз кардам. Маро ба хонаи иҷорае оварданд, ки он ҷо шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон низ буданд. Вақте эътироз оғоз шуд, ман тарсидам ва ба хонаи иҷора баргаштам ва рӯзи дигар хостам баргардам, ки маро дар деҳаи Самси боздошт карданд.",--мегӯяд ӯ дар навори расонаҳои давлатии Қазоқистон.

Ҳарчанд, дар видеои расонаҳои давлатӣ Рузахунов ба ҳузури тоҷикону узбекон дар нооромиҳои Қазоқистон ишора мекунад, вале расман аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон дар эътирозҳои ин кишвар хабаре нашр нашудааст.

Пайвандони Рузахунов мегӯянд, то ҳанӯз натавонистаанд, ки бо ӯ тамос гиранд, аз ин рӯ барои кумак ба мақомоти қирғиз муроҷиат намуданд.

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар назди бинои сафорати Қазоқистон барои раҳоии Рузахунов эътироз карданд. Камчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон, ки дар назди эътирозгарон қарор дошт, ба рӯзноманигорон гуфт, барои озодии ӯ талош хоҳанд кард. Ӯ гуфт, ҳеҷ бовар надорад, ки Рузахонов дар амали террористие даст дошта бошад.

Дар посух Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, ки нафари боздоштшуда Виркам Рузахунов нест, балки Закир Убуров, соли таваллудаш 1990 аст. Пайвандони Рузахунов мегӯянд, дар навор дақиқан Виркам суҳбат мекунад ва агар ӯ боздошт нашуда бошад, чаро бо онҳо тамос намегирад.

Наздикони Закир Убуров, як қирғизистонии дигар гуфтаанд, ки воқеан ӯ боздошт шудааст, вале дар видеои нашршуда ӯ ҳузур надорад.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба боздошти Рузахунов ба Қазоқистон нотаи эътирозӣ ирсол кардааст.

Зоҳиран, ба гуфтаи коршиносон, мақомоти қазоқ талош доранд, нишон бидиҳанд, ки дар эътирозҳои ин кишвар хориҷиён иштирок доштанд.

Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.

То кунун мақомоти қазоқ ҳеҷ далели ҳузур доштани "террористон"-ро пешниҳод накардаанд. Аксаран, ба иддаои мақомоти қазоқ бовар надоранд. Сокинон мегӯянд, ҳукумат эътирозгаронро бераҳмона саркуб кард ва ҳоло дар ҷустуҷӯи далел барои худсафедкунӣ ҳаст.

Қазоқистон, як кишвари сарватманди Осиёи Марказӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби Нурсултон Назарбоев идора мешуд. Эътирозгарон рафтани ӯро аз қудрат талаб доштанд.

Президенти собиқи Қазоқистон аз рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар мазҳари ом дида намешавад. Дар Твитери ӯ навишта шудааст, ки дар Қазоқистон қарор дорад, вале аксаран ба ин бовар надоранд. Рӯзи 5-уми январ Қосимҷомарт Тоқаев эълон кард, ки вазифаи раиси Шӯрои амнияти миллиро ӯ ба душ гирифтааст. То ин замон ин вазифаро Нурсултон Назарбоев соҳиб буд.

Мақомот эълон карданд, ки беш аз 5 ҳазор нафарро дар робита ба ширкат дар нооромиҳои ахир боздошт кардаанд. Дар ин нооромиҳо садҳо нафар ҷароҳат бардоштааст ва мақомот аз ҳалокати 164 нафар хабар доданд.

XS
SM
MD
LG