Ҳокими Азиз, журналисти шинохтаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи 9-уми январи соли равон бар асари бемории қанд ва сактаи қалбӣ дар бемористони "Якум совесткий"-и Душанбе дар сини 62 -солагӣ даргузашт.
Пайвандон ва дустону ҳамкасбонаш рузи якшанбе ӯро дар қабристони маҳалаи 103-уми пойтахт ба хок супориданд.
Бобоҷони Шафеъ, дӯст ва ҳамкори собиқи Ҳокими Азиз, ки тайи чанд сол дар Радиои ҷумҳурӣ фаъолият доштанд, дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, “Ҳокими гиромӣ, ки чандин соли охир бо фишорбаландӣ дасту панҷа нарм мекар ва шояд се сактаи мағзиро ҳам дар бемористонҳо пушти сар гузошт, аз ҳамлаи фишор ин бор инону ихтиёр аз даст дод ва ҷон дод”.
Ҳокими Азиз 20-уми июни соли 1960 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаст. Ӯ аз ҳамон сол дар "Радиои тоҷик" фаъолиятро шурӯъ намуда, ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири идораи барномаҳои адабию драмавӣ силсилагуфтори "Дар сўҳбати адиб"- ро хидмати шунавандагон гузоштааст, ки беш аз 30 шуморааш дар "Хазинаи тиллоӣ" - и Радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Бобоҷони Шафеъ, ҳамкори ҳокими Азиз мегӯяд, дар рӯзҳое, ки бистарӣ буд, дар бемористони "Якум Советский" роҳбарияти Радио ва телевизиони кишвар ӯро бо медали Аълочии телевизион ва радио сарфароз гардонд.
Ҳокими Азиз солҳои 1997- 2005 дар телевизиони тоҷик чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ кор кард ва аз ҷумла муалифи барномаи "Сўҳбати мардона" (1997-2000) буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт.
Ҳокими Азиз муаллифи чандин китоб аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ буд.