Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон мехоҳанд"Дарвозаи дузах"-ро бибанданд


Туркманистон тасмим дорад, "Дарвоза" - кони болокушодаи газро бандад, ки бештар аз 50 сол аст дар саҳрои Қарақум месӯзад ва яке аз ҷойҳои дидании Туркманистон барои сайёҳон ба ҳисоб меравад. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба ҳукумати кишвараш рӯзи 7-уми январ дастур додааст, ки роҳҳои хомӯш кардани оташро пайдо кунад.

Вай дар ҷаласаи рӯзи 7-уми январ гуфтааст, "чанд сол аст, ки кони газ месӯзад ва ба муҳити зисту сиҳатии мардум зарар мерасонад". Вай ҳамчунин гуфтааст, гази табиӣ беҳуда сарф мешавад, ки мумкин буд аз вай даромад ба даст овард. Дар ин бора расонаҳои туркманистонӣ хабар медиҳанд.

Шоҳим Абдраҳмонов, ноиб-сарвазири Туркманистон дастур гирифтааст, барои ҳалли ин мушкил олимон ва мутахассисони хориҷиро пайдо кунад.

Кони болокушода дар шаҳраки Дарвоз, ки миёни мардум бо номи "Дарвозаи дузах" маъруф аст, дар маркази саҳрои Қарақум ҷойгир шудааст. Ин кон 50 сол пеш рӯ зад.

Соли 1971, ҳангоми кофтани кон замин фурӯ рафт ва коргарон ба таври муъҷизавӣ аз марг наҷот ёфтанд. Он замон олимон пешбинӣ карда буданд, ки газ чанд рӯз месӯзад ва хомӯш мешавад, аммо Дарвоз 50 сол аст, ки бидуни таваққуф месӯзад.

XS
SM
MD
LG