Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон беш аз 20 кас аз хунукӣ ҷон бохтаанд


Мурри, Покистон
Мурри, Покистон

Бар асари боридани барфи зиёд дар наздикии як осоишгоҳи зимистона дар Покистон дастикам 21 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак, ҷон бохтаанд.

Мақомот гуфтанд, теъдоди зиёди сайёҳон шаби 7 ба 8-уми январ ба сабаби барфбории шадид дар Мурри, шарқи вилояти Панҷоб, банд монданд.

Шайх Рашид Аҳмад, вазири корҳои дохилии Покистон, 8-уми январ дар паёми видеоӣ гуфт, тақрибан 1000 мошин дар роҳ дармондааст ва мақомот барои раҳоии онҳо талош доранд.

Ӯ афзуд, шумораи зиёди одамон дар дохили мошинҳои худ ҷон додаанд. Аҳмад сабаби ин ҳодисаро ба таври ғайриоддӣ зиёд будани шумораи сайёҳоне донист, ки ба осоишгоҳи зимистона сафар кардаанд.

Вазири умури дохилии Покистон гуфт, сокинони Мурри ба сайёҳони дармонда хӯрок ва кӯрпа медиҳанд. Вай илова кард, ки тамоми роҳҳоро ба тарафи осоишгоҳ бастаанд.

Ҳукумати вилояти Панҷоб вазъияти изтирорӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG