Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД-и Қазоқистон аз боздошти 4266 нафар, аз ҷумла хориҷиҳо хабар дод


Алмаато, 7-уми январи 2022
Алмаато, 7-уми январи 2022

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 8-уми январ хабар дод, ки 4266 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷиро ба идораи пулис бурдаанд. Дар баёнияи расмии вазорат гуфтаанд, "дар яке аз рустоҳои вилояти Алмаато беш аз 100 нафар дастгир шуд."

Ин ниҳод дар бораи боздошти "шаҳрвандони кишвари ҳамсоя" низ хабар дод, вале аз ҳеч давлате ном набурд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 7-уми январ дар паёми худ гуфт, "20 ҳазор ҷангҷӯ” ба Алмаато “ҳамла карданд".

Ба ҷуз ин, ба иттилои расмӣ, дар шаҳри Алмаато тиру лавозимоти ҳарбӣ ва молҳои дуздӣ, ба монанди дучарха, телевизор ва телефонхои мобилиро ёфтаву мусодира кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон иддао дорад, дар яке аз маҳалҳои аҳолинишини вилояти Ҷамбул як анбори силоҳ ёфт шудааст.

Субҳи 8-уми январ тирпарронӣ дар қисмати марказии Алмаато идома дошт, ҳарчанд ба монанди рӯзе пеш аз он набуд. Дар майдони "Республика"-и Алмаато нерӯҳо ва техникаи ҳарбӣ истодаанд.

XS
SM
MD
LG