Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон содироти газ ба Русияро қатъ кард


Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтанд, ки содироти гази табииро ба кишварҳои ҳамсоя бо шумули Русия пурра қатъ кунанд. Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" бо истинод ба Вазорати энержии Узбекистон хабар додааст.

Тасмими мазкур баъди панҷ рӯзи оғози эътирозҳо дар Қазоқистон зидди болоравии нархи газ гирифта шудааст. "Дар ҳоли ҳозир ба Русия газ содирот намешавад ва дар соли 2022 низ дар нақша нест", - гуфтаанд дар вазорат.

Ба иттилои "Интерфакс", Узбекистон феълан танҳо ба Чин газ содир мекунад.

Дар даҳ моҳи аввали соли гузашта ба Чин 4,020 млрд​ метри мукааб газ содир шудааст, ки назар ба соли 2020 бештар аст.

XS
SM
MD
LG