Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Туркия намояндаи "Гуруҳи 24"-ро озод кардаанд


Насим Шарифов
Насим Шарифов

Насим Шарифов, намояндаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” аз боздоштгоҳе дар Туркия раҳо шудааст. Ӯро рӯзи 30-юми декабри соли 2021 дар манзилаш дар шаҳри Истанбул дастгир карда буданд. Он замон масъулони созмон дар хориҷа тахмин мезаданд, ки "боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва дар робита ба фаъолияти сиёсӣ ва ширкат дар ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" сурат гирифтааст." Мақомоти Туркия иллати боздошт ва раҳоии Шарифовро шарҳ надодаанд. Бори дувум аст, ки Насим Шарифов дар Туркия боздошт ва сипас озод мешавад. Пеш аз ин, моҳи марти соли 2018, Шарифов ҳамроҳ бо Сӯҳроби Зафар, роҳбари "Гуруҳи 24" дар Истанбул дастгир гардида буд.

XS
SM
MD
LG