Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 3140 касро ба воситаи Интерпол меҷӯяд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати шахсонеро, ки тавассути Интерпол (пулиси байнулмилалӣ) ҷустуҷӯ мешаванд, нав кардааст.

Дар феҳрасти нав Тоҷикистон 3140 нафарро барои ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ҷустуҷӯ мекунад.

Шаҳриёр Назриев, намояндаи "Интерпол" дар Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи “Инсон ва қонун”-и Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, соли гузашта беш аз 100 нафари мавриди ҷустуҷӯ боздошт шуданд.

Ду сол пеш созмонҳои байнулмилалӣ Интерполро танқид карда буданд, ки бо дархости кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, мухолифон ва мунтақидонро ҷустуҷӯ ва боздошт мекунад.

Бо дархости Тоҷикистон Интерпол борҳо фаъолони мухолифинро дар хориҷ аз кишвар боздошт карда буд, вале пас аз танқидҳо онҳоро раҳо карданд.

Зоҳиран пас аз ин Интерпол комилан рӯйхати онҳоеро, ки бо дархости Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешуданд, аз саҳифаи расмиаш пок кард.

XS
SM
MD
LG