Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нидои "Аллоҳу акбар" буд ё набуд? Ҳафт сокини Язғулом ба зиндон маҳкум шуданд


Ноҳияи Ванҷ
Ноҳияи Ванҷ

Додгоҳи шаҳри Хоруғ 7 сокини ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла се муҳассили мактабро бо гуноҳи тундгароӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Наздиконашон розӣ нестанд ва бозбинии ҳукмро талаб доранд.

Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Хоруғ рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми 7 нафар охири моҳи декабри 2021 содир шуд. Ба қавли мусоҳиби мо, ки нахост номаш ошкор шавад, додгоҳ чаҳор калонсолро ба 6-солӣ ва се писари ноболиғро ба якуним солии зиндон маҳкум кардааст.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ҳукми яке аз аъзои гуруҳро дар ғайбаш хонданд, "чун ё ба Русия ва ё ба Афғонистон фирор кардааст".

Радиои Озодӣ то ин дам номи чаҳор нафар аз маҳкумшудаҳоро ошкор кард. Аз онҳо Асо Шайхов, Лоиқ Одинаев, Ҳотам Шуков ва Ҷаббор Гандумов ном бурда мешавад.

Дар ҳоле ки мақомот сабаби зиндонӣ кардани ҳафт нафарро намегӯянд, баъзе аз сокинони ҷамоати Язғулом бо шарти фош нашудани ном ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд.

Ба қавли яке аз сокинони ҷамоати Язғулом, ҳафт нафар моҳи ноябри соли гузашта "ҳангоми гузаштан аз назди як қисми марзбонӣ дар Язғулом нидои "Аллоҳу акбар" сар дода, пас аз тирпарронии сарҳадбонон бо мошин фирор кардаанд."

"Онҳо аз ҷамъоварии ҳезум бармегаштаанд. Дар дохили мошин "Аллоҳу акбар"-ро бо такрор ва бо садои баланд гуфтаанд. Азбаски шишаҳои мошин кушода будааст, сарҳадбонон огоҳ шудаанд," – нақл кард сокини ҷамоат. Мақомот ин нуктаро тасдиқ ё рад намекунанд.

Хонаводаҳои маҳкумшудагон мегӯянд, ки фарзандонашон намозхон ҳастанд, вале ифротӣ нестанд ва аз рӯйи ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдаанд.

XS
SM
MD
LG