Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омикрон сабаби маҳдудиятҳо дар кишварҳои ҷаҳон шуд


Дар панҷ рӯзи охир дар саросари дунё 5 ҳазор парвоз бекор шуд
Дар панҷ рӯзи охир дар саросари дунё 5 ҳазор парвоз бекор шуд

Бо густариши сирояти омикрон, навъи тағйирёфтаи коронавирус, дар теъдоде аз кишварҳои дунё мактабҳоро бастанд, киштиҳо лангар андохтанд ва ҳавопаймоҳо аз парвоз монданд.

Раиси Онтарио, сераҳолитарин вилояти Канада, рӯзи 3-юми январ гуфт, ба сабаби сирояти рекордии коронавирус мактабҳоро мебанданд ва дарсҳо онлайнӣ сурат мегиранд.

Дар Бразилия амр доданд, ки киштиҳои сайёҳӣ корро мувақаттан бас кунанд.

Дар саросари дунё дар панҷ рӯзи охир 5 ҳазор парвоз бекор шуд ва дар ин миён 1000 парвоз ба сабаби нарасидани кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки бемор шудаанд, сурат нагирифт.

Раиси вилояти Онтарио гуфт, ба сабаби мавҷи азими беморӣ, бар иловаи мактабҳо, ресторану толорҳои варзишӣ ва синаморо мебанданд.

Дар Аврупо, аз ҷумла Ҳолланд, 30 нафарро, ки аз маҳдудиятҳои равуо ба хашм омадаанд, дастгир карданд. Дар Ботсвана эълон карданд, ки раиси ҷумҳури ин кишвари африқоӣ ба СOVID-19 гирифтор шудааст.

XS
SM
MD
LG