Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AIPS беҳтарин варзишгарони соли 2021-ро муайян кард


Мунтахаби футболи Итолиё.
Мунтахаби футболи Итолиё.

Тими мунтахаби мардонаи Итолиё, ки ғолиби қаҳрамонии футболи Аврупо-2020 гардид, аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) дар соли 2021 беҳтарин дастаи сол дониста шуд.

Ба гузориши news.sportbox.ru, Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио-2020 ҷоизаи AIPS-ро ҳамчун рӯйдоди варзишии сол дарёфт карданд.

Ситораи варзиши сабуки Ямайка Элайн Томпсон-Ҳера ва футболбози маъруф, ҳамлагари лаҳистонӣ Роберт Левандовски беҳтарин варзишгарони соли 2021 дониста шуданд.

Варзишгари сабук дар давидан ба масофаи 100 метр Элайн Томпсон-Ҳера дуюмин зани тездав дар таърих, инчунин қаҳрамони 5-каратаи олимпӣ мебошад.

Роберт Левандовски аз рӯи натиҷагирии соли 2021 дар овоздиҳӣ барои «Тӯби тиллоӣ» ҷои 2-юмро гирифт, ҷоиза насиби ҳамлагари аргентинии ПСЖ-и Фаронса Лионел Месси гардид.

Дар назарсанҷии Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ 529 хабарнигор аз 114 кишвар иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG