Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус мардумро дар фурудгоҳҳо саргардон кард


Омикрон дар ҳафтаҳои гузашта ҳам сабаби лағви садҳо парвози ҳавопаймоҳо шуд.
Омикрон дар ҳафтаҳои гузашта ҳам сабаби лағви садҳо парвози ҳавопаймоҳо шуд.

Сирояти коронавирус ба кормандони зиёди ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаб шуд, ки парвози ҳазорон ҳавопаймо дар рӯзҳои идонаи солинавӣ лағв карда шавад. Вебсайти Flightaware.com, ки парвози ҳавопаймоҳо дар саросари ҷаҳонро мушоҳида ва сабт мекунад, хабар дод, ки то нимарӯзи 1-уми январ парвози 4600 ҳавопайморо лағв кардаанд.

Нисфе аз парвозҳои лағвшуда ба ширкатҳои амрикоӣ тааллуқ доранд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки сирояти коронавирус ба ҳадде суръат гирифтааст, ки аз замони оғози пандемия то кунун дида нашуда буд. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико мегӯяд, ки дар чаҳор рӯзи як ҳафта теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида ба ҳадди рекордӣ зиёд шуд ва танҳо дар рӯзи 31-уми декабр бештар аз 386 000 мавриди сирояти коронавирусро сабт кардаанд.

Дар ҳамин рӯз дар Фаронса бештар аз 232 ҳазор гирифтори СОVID-19-ро сабт кардаанд. Дар Бритониё тақрибан 190 ҳазор нафар бемор шудаанд. Навъи тағйирёфтаи коронавирус бо номи Омикрон дар сирояти босуръат мусоидат кардааст. Як профессори Донишгоҳи Бровн дар Амрико ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, “дар ҳақиқат дигар Омикрон дар ҳамаҷо ҳаст”.

XS
SM
MD
LG