Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден гуфтааст, бо президенти Украина телефонӣ гап мезанад


Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Рӯзи 2-юми январ Ҷо Байден, президенти ИМА бо Владимир Зеленский, президенти Украина суҳбати телефонӣ хоҳад кард.

Кохи Сафед хабар дод, ки Ҷо Байден дар ин суҳбат ҳимояти худ аз якпорчагии Украинаро эълон карда, ду президент мавзуи ҷамъ шудани ҳазорон нерӯи низомии Русия дар наздикиҳои марзи ин кишварро баррасӣ мекунанд.

Се ҳафат пеш Ҷо Байден бо президенти Украина суҳбат карда буд.

ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки Русия ба Украина ҳамла мекунад. Ҳузури ҳазорон нерӯи низомии Русия дар марзи Украинаро онҳо хатар барои ин кишвар медонанд. Русия гуфтааст, ки қасди ҳамла ба ин кишварро надорад.

Амрико яке аз кишварҳоест, ки борҳо аз Украина эълони ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG