Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав муҳоҷирони тоҷикро дар марги Чуев гунаҳкор донист


Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо гуноҳи даст доштан дар марги варзишгари рус, Сергей Чуев, ба зиндон маҳкум шудаанд, бетағйир гузошт.

Маҳкумшудаҳо Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода – сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳастанд. Онҳо ва пайвандонашон худро бегуноҳ медонанд.

Ҷумъа Сафаров, падари Фаридун Сафаров, яке аз маҳкумшудаҳо рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Маскав 28 уми декабр қарори худро содир кард ва ҳукми суди ноҳияи Зюзиноро бетағйир гузошт.

“Додгоҳ писари ман, Фаридун Сафаровро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум карда буд, панҷ нафари дигарро ба чор ва чорунимсолӣ. Ҳозир наздикони варзишгари рус талаб доранд, ки бештар аз 3 миллион рубл ҷарима пардозем,” – шарҳ дод ӯ.

Сафаров гуфт, бинобар пандемияи коронавирус писараш ва панҷ нафари дигар дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд ва “аз шароити онҷо шикоят надоранд”.

Сергей Чуев, варзишгари рус, шаби 8-уми июни соли 2019, дар ҳудуди боғи Ландшафтнийи минтақаи Бутовои ҷанубии шаҳри Маскав кушта шуд. Мақомоти Русия шаш муҳоҷири тоҷикро дастгир карда ва гуфтанд, “онҳо ба сару тани ҷабрдида осеб расониданд ва дар натиҷа ӯ ба об афтод. Дар ҳамон ҳолат ҳам латукӯби ӯро идома доданд ва дар натиҷа ӯ ғарқ шуд".

Додситонии Русия гуфта буд, шаҳрвандони Тоҷикистон "ба ҷабрдидаҳои дигар низ таҳдиди қатл карда, бо се нафари дигар ва як ноболиғ кирдорҳои хушунатомез анҷом доданд".

Муҳоҷирони маҳкумшудаи тоҷик ва наздиконашон иттиҳоми мақомоти Русияро беасос мешуморанд.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар сохтмони биноҳо дар Русия кор мекарданд. Боздошти онҳо дар моҳи июни соли 2019 дар робита бо марги мармузи варзишгари рус дар сархати расонаҳои Русияву Тоҷикистон қарор гирифта буд. Аксҳои рӯ ба девор ва шимҳои даридаву танҳои нимурёни гумонбарон, ки зоҳиран аз ҷониби ходимони полис гирифтаву дар Интернет нашр шуданд, вокунишҳои зиёд дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG