Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил аз Амрико чархболу ҳавопаймои низомӣ мехарад


Чархболи навъи CH-53K
Чархболи навъи CH-53K

Исроил созишномаро дар бораи ба маблағи беш аз се миллиард доллар харидани ҳавопаймоҳои низомӣ аз Амрико имзо кард. Вазорати мудофиаи Исроил рӯзи 31-уми декабр аз имзои тавофуқнома миёни ду кишвар хабар дод.

Хариди дувоздаҳ чархболи навъи CH-53K ва ду Boeing KC-46 аз Иёлоти Муттаҳида шомили ин тавофуқнома мешавад.

Интизор меравад, раванди интиқоли чархболҳо ба Исроил дар соли 2026 ва Боингҳо, ки барои расондани сӯзишворӣ истифода мешаванд, дар соли 2025 оғоз шавад.

Расонаҳои Исроил шарҳ доданд, ки Боингҳо барои пешбурди маъмуриятҳо ба зидди таъсисоти ҳастаии Эрон муҳим хоҳанд буд.

Исроил дар гузашта ҳушдор додааст, ки агар Эрон силоҳи ҳастаӣ созад, бар аҳдофе дар он кишвар ҳамлаи низомӣ хоҳад кард. Эрон гуфтааст, барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.

XS
SM
MD
LG