Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хост, шаҳрвандии гунаҳкорон ба ҷиноятҳои вазнинро бекор кунанд


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин лоиҳаи қонуни нав "Дар бораи шаҳрвандии Русия"-ро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки дар он меъёрҳои дарёфт ё бекор кардани шаҳрвандии он кишвар тағйир дода шудаанд.

Аз ҷумла, Путин пешниҳод кардааст, шаҳрвандии шахсоне, ки баъди гирифтани шиносномаи Русия ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин, бахусус терроризм, қочоқи маводи мухаддир ё ҷиноят ба зидди давлат айбдор дониста шудаанд, бекор карда шавад.

Ҳамчунин дар лоиҳа гуфта шудааст, ваколати қатъ кардани шаҳрвандии Русия ба Вазорати умури дохилии ин кишвар дода шавад.

Владимир Путин раванди содашудаи дарёфти шаҳрвандии Русияро ба шаҳрвандони пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, фарзандони онҳо, хориҷиҳое, ки яке аз наздиконашон дар Русия зиндагӣ мекунанд, бозмондаҳои онҳое, ки муқими доимии Империяи Русия ё Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, пешниҳод кардааст.

Ин қонун дар сурати қабул шудан салоҳиятҳои президенти Русияро ҳам дар масъалаҳои марбут ба шахсоне, ки ҳаққи дарёфти шаҳрвандии ин кишварро доранд, бештар мекунад.

Раисҷумҳури Русия бар асоси ин қонун, ҳақ дорад, шаҳрвандии кудаконеро, ки аз сӯи хориҷиҳо ба фарзандхонӣ қабул шудаанд, сарфи назар аз макони зист бекор кунад.

XS
SM
MD
LG