Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз низоъ дар марз то тазоҳуроти Хоруғ ва зиндонӣ шудани Иззат Амон. Нигоҳе ба рӯйдодҳои сол. ВИДЕО


Муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, оғози маъракаи ваксинзанӣ ба зидди СОVID-19, аз мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократ рафтани Раҳматулло Зойиров, латукӯби вазири тандурустӣ, маҳкум ба зиндон шудани ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон, тазоҳурот дар Хоруғ ва моҷарои пинҳон доштани латукӯби Мадина Мамадҷонова чанде аз ҳодисаҳои пурсарусадо ва муҳим дар Тоҷикистон буд.

Наворро дар инҷо бинед:

Аз низоъ дар марз то зиндонӣ шудани Иззат Амон. Нигоҳи видеоӣ ба рӯйдодҳои сол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Соли 2021 дар Тоҷикистон бо зиндонӣ шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ оғоз ёфт. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ӯро, ки ҳукуматро сахт танқид мекард, рӯзи 28-уми январ ба "авбошӣ" ва "даъват ба сарнагунии ҳокимият" гунаҳкор донист ва ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Худаш мегӯяд, бегуноҳ аст ва барои дигарандешиаш аз ӯ ниқор гирифтаанд.

Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Ду моҳ баъд ва рӯзи 23-юми март дар Тоҷикистон маъракаи саросарии ваксинзанӣ зидди бемории СОVID-19 оғоз ёфт. Дар марҳилаи аввал тақрибан 200 ҳазор ваксинаи ширкати Астразенекаро табибон, парасторон ва дигар кормандони муассисаҳои тиббӣ ва афроди осебпазир гирифтанд. То охири сол ба Тоҷикистон тақрибан 48 дар сади аҳолӣ ду вояи ҳатмии ваксинаро гирифтанд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи апрел, яке аз ҳодисаҳои тираи соли 2021 шуд, ки робитаҳои ду тарафро бисёр сард кард. Дар ҷанге, ки барои обу замин дар марзи ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканди Қирғизистон дар рӯзи 28-уми апрел сар зад ва ду рӯз идома кард, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд ва даҳҳо каси дигар захм бардоштанд.

Деҳаи Сомониёни Исфара пас аз ҷанҷоли марзӣ
Деҳаи Сомониёни Исфара пас аз ҷанҷоли марзӣ

Моҳи майи соли 2021 Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ баъд аз ду даҳсолаи раҳбарӣ аз мақоми раиси ҳизб рафт. Соҳибназарон ва теъдоде аз аъзои ҳизб мегӯянд, мумкин аст, ҳукумат барои мутеъ кардани ин ҳизби мухолиф ба худ, Раҳматулло Зойировро ба истеъфо маҷбур карда бошад.

Раҳматулло Зойиров
Раҳматулло Зойиров

Хабаре, ки моҳи июл дар Тоҷикистон сари забонҳо гашт, хабари латукӯби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ буд. Бино ба гузоришҳо, се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 20-уми июл, пас аз марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова, пизишкони ӯ, аз ҷумла Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустиро зада, маҷруҳ кардаанд. Вазир хабарро рад кард, ҳарчанд муддати тӯлонӣ дар мазҳари ом дида нашуд.

Вазорати тандурустӣ ин аксро пас аз чанд рӯзи хабари латукӯби вазир нашр кард
Вазорати тандурустӣ ин аксро пас аз чанд рӯзи хабари латукӯби вазир нашр кард

Моҳи июл хабари дигаре, ки ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод, таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Ӯро 4-уми июл дар наздикии хонаашон таҷовуз карда ва ҷасадашро ба ҳоҷатхона андохтаанд. Рӯзи 19-уми октябри ҳамин сол, додгоҳ марди ҳамсоя, Раҳматулло Гадоевро бо гуноҳи таҷовуз ва қатл ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.

Руфайда
Руфайда

Дар ҳамин рӯз, Додгоҳи ноҳияи Сино, Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Азбаски Иззат Амон амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистонро бисёр танқид мекард, ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва як навъ ниқор гирифтан аз ӯ медонанд. Худаш ҳам гуфтааст, ки гуноҳе накардааст.

Иззат Амон
Иззат Амон

Эътироз дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз ҳодисаи муҳими дигари соли 2021 шуд. Тазоҳуроти бештар аз 1000-нафарӣ дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, як сокини вилоят ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам мекарданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.

Эътироз чаҳор рӯз идома кард
Эътироз чаҳор рӯз идома кард

Рӯзи 14-уми декабр Мадина Мамадҷонова, як ҷавонзане даргузашт, ки моҷарои хонаводагӣ ва латукӯби ӯ баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Парвандаи ӯ, ки то замони марг дар кома буд, баъди муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раҳбарони Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта шуд. Танҳо баъди ин муроҷиат тарафи дигари муноқиша зану шавҳар Лутфулло ва Азиза Давлатова боздошт ва дертар ба ҳабс маҳкум шуданд.

Мадина Мамадҷонова 15-уми декабр даргузашт
Мадина Мамадҷонова 15-уми декабр даргузашт

Яке аз рӯйдодҳои ёдмондании соли 2021 ҳунарнамоии овозхони тоҷики муқими Русия Манижа Сангин дар озмуни Евровижн буд, ки шаби 22-юми май дар Ҳолланд сурат гирифт. Манижа бо таронае дар бораи мушкилоти занони рус яке аз даҳгонаи беҳтарин овозхонҳои озмун шуд ва ғавғое дар ҷомеаи Тоҷикистону Русия барангехт. Як тараф аз ӯ ифтихор, тарафи дигар барои матни тарона ӯро танқид мекард.

Манижа Сангин
Манижа Сангин

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG