Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: наздики нисфи аҳолии Тоҷикистон эм шудаанд. Шубҳа рафъ нашудааст


Эмкунӣ бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон баҳори имсол шурӯъ шуд
Эмкунӣ бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон баҳори имсол шурӯъ шуд

Мақомоти вазорати беҳдошт мегӯянд, ки дар саросари Тоҷикистон беш аз 45 фойизи аҳолӣ бар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то 20-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор афроди аз 18-сола боло моякубӣ шудаанд. Дар шаҳри Душанбе нақшаи ваксинзанӣ беш аз 100 фойиз иҷро шудааст. Вале омори расмӣ шубҳаву гумонҳоеро эҷод кардааст. Бахусус инки дар муддати ним сол чӣ гуна қариб 2,5 миллион нафар эм карда шудаанд.Тоҷикистон то ин дам панҷ навъи ваксина – AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Sputnik V ва Pfizer гирифтааст. Аз инҳо Pfizer ҳанӯз дар истифодаи пурра қарор нагирифтааст, чун шароити интиқол ва нигоҳдориаш мушкилтар аст.

XS
SM
MD
LG