Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 сол зиндон. Маҳмурод Одинаев: "Адолат нест, Худо ҳаст". Додрас: "Метавонад шикоят кунад" ВИДЕО


Муҳокимаи Маҳмурод Одинаев дар инҷо сурат гирифт
Муҳокимаи Маҳмурод Одинаев дар инҷо сурат гирифт

Маҳмурод Одинаеви 59-сола, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба 14 сол зиндон маҳкум карданд. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар ин бора рӯзи 28-уми январ содир шуд.

Сайкабир Ҷалилзода, додраси парванда, Маҳмурод Одинаевро ба "авбошӣ" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" гунаҳкор шинохт, аммо Одинеав ҳукмро напазируфт.

Писараш Ҳабибулло Ризоевро ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карданд. Вай ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро инкор кардааст. Писари дигараш, Шайхмуслиҳиддин Ризоев, дар боздошт аст ва ба авбошӣ муттаҳам мешавад.

Маҳмурод Одинаев моҳи декабри соли гузашта дастгир ва муҳокимааш рӯзи 25-уми январ шуруъ шуд. Пештар додситон барои ӯ 15 сол зиндон ва барои писараш Ҳабибулло Ризоев 4 соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд.

Одинаев: Хостанд, ба зидди Зойиров баёнот диҳам

Бинои Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ
Бинои Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ

Рӯзи 28-уми январ Маҳмурод Одинаевро ду маъмури интизомӣ аз китфаш дошта, ба Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ оварданд. Ҳангоми эълони ҳукм аксар хабарнигорон ва чанде аз наздикони Одинаев ба толори мурофиа роҳ наёфтанд.

Намояндагони додгоҳ гуфтанд, дар толор ҷойи холӣ нест, дар ҳоле ки иштирокдорони муҳокима инро рад намуданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, вазъи Одинаев хуб набуд ва мегуфт, шиканҷа шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин гуфтаҳои ӯро рад мекунанд.

Муовини раиси ҲСДТ пеш аз эълони ҳукм дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз ӯ талаб кардаанд, ба зидди раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров ва чанде аз хабарнигорон шаҳодат бидиҳад. Мақомот ба ин иддао ҳанӯз посух надодаанд. Одинаев мегӯяд, чунин талабро қабул накард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Одинаев ба 14 сол зиндон маҳкум шуд, писарашро ҷарима бастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Баёноти панҷ корманди комиссариат ва се раиси ҷамоат

Эълони ҳукми Маҳмурод Одинаев ва писараш Ҳабибулло Ризоев қариб як соат тӯл кашид. Додрас Сайкабир Ҷалилзода гуфт, гуноҳи Одинаев бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” исбот ёфт. Маҳмурод Одинаев баъди эълони ҳукм бо хитоб ба додрас гуфт: “Худо ҳаст ва ӯ бори дигар бовар ҳосил кард, ки дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест.”

Додрас ба ин шикояти Одинаев посух дод, ки агар аз ҳукм норозӣ аст, метавонад ба Додгоҳи олӣ шикоят барад.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, аз ҳукми додгоҳ нисбат ба муовинаш розӣ нестанд ва аз рӯйи он ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд.

Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Додраси парванда дар вақти қироати ҳукм гуфт, Маҳмурод Одинаев рӯзи 29-уми октябри соли гузашта ҳамроҳ бо писараш Ҳабибулло Ризоев дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор “тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.”

Аз рӯйи ин иттиҳом панҷ корманди комиссариати ҳарбии Ҳисор ва се раиси ҷамоат ба зидди Маҳмурод Одинаев баёнот додаанд. Онҳо гуфтаанд, Маҳмурод Одинаеву ҳамсар ва фарзандаш дар назди бинои комисариат “35-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.

Аммо Маҳмурод Одинаев ва писараш Ҳабибулло Ризоев ин иттиҳомро инкор карда, гуфтанд, дар асл кормандони комиссариат писари хонавода Ҳоҷиакбар Ризоевро бо вуҷуди бемор будан “сарбозшикор” карданд.

“Даъват ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ”

Бахши асосии баромади додраси парванда дар вақти қироати ҳукми Маҳмурод Одинаев дар бораи иттиҳоми авбошӣ буд. Додрас дар бораи иттиҳоми Одинаев бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ ё “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” зиёд шарҳ надод.

Додрас танҳо гуфт, Маҳмурод Одинаев рӯзи 16-уми ноябри соли гузашта дар саҳифаи фейсбукиаш аксҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, Гуруҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистонро нашр карда, “ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ даъват кардааст.” Худи Маҳмурод Одинаев инро беасос донистааст.

Номи Маҳмурод Одинаев соли 2012, баъд аз марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе дар Душанбе, ба расонаҳо роҳ ёфт. Одинаев он вақт гуфта буд, писараш Суннатулло Ризоевро ҳамчун шоҳиди ҳодиса аз Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол доданд ва ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Аз он замон ба ҳимоят аз ҳуқуқи писараш ва зиндонёни дигар пардохт ва чанд сол пеш ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рафта, то мақоми муовини раиси ин ҳизби мухолиф расид. Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ аз рӯйхати ҳизбӣ номзад ба мансаби вакили Маҷлиси Намояндагон буд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Одинаев рӯзи 20-уми ноябри соли гузашта ва баъди дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд. Ӯро баъди ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Мухолифон боздошту эълони ҳукм ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Рӯзи 13-уми январ Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.

XS
SM
MD
LG