Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳияи эътирозӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар соли 2020. "Табу"-и ғайрирасмӣ аз байн рафт?


Сокинони норозии Хуросон барои чанд соат роҳи Бохтар-Душанберо бастанд. 17-уми майи 2020
Сокинони норозии Хуросон барои чанд соат роҳи Бохтар-Душанберо бастанд. 17-уми майи 2020

Соли 2020 аз нигоҳи рӯҳияи эътирозӣ дар ҷомеа соли бисёр шадиде буд. Дар ҷое мақомот ба норозиён гузаштҳо карданд ва дар мавридҳои дигар аз шеваҳои саркӯбгароёна истифода бурданд.

Коршиносон мегӯянд, дар соли нав бадшавии вазъи иқтисодӣ метавонад, ин рӯҳияро дар ҷомеа шиддат бахшад, ки ба нафъи мақомот нест. Дар долонҳои ҳукумат ин нуқтаи назарро ҷонибдорӣ намекунанд, балки эътирозро як шакли табиии рушди демократия медонанд.

НОРИЗОЯТИҲО ДАР ЗАМОНИ ҲАМАГИРӢ

Соли 2020 барои Тоҷикистон танҳо як соли маҳдудиятҳои иқтисодии бархоста аз бемории COVID-19 набуд, балки чолишҳои иҷтимоие ҳам дошт. Норозигиҳои бархоста дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таҷрибаи тазоҳуротро эҷод кард ва “табу”-и ғайрасмиеро барҳам зад, ки тибқи он эътироз хатарзо ҳисоб мешуд.

Рӯҳияи эътирозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз оғози моҳи апрел шуруъ шуд. Замоне ки дар бораи маргу мир дар шимоли Тоҷикистон хабарҳои зиёд мерасид ва мақомот онро ба "илтиҳоби шуш" пайванд медоданд. Расонаҳо бо истинод ба манбаъҳои худ менавиштанд, ки чӣ гуна ҷасади фавтидаҳоро кормандони тиб зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн мекарданд.

Ҳамаи аломатҳо аз вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон мегуфтанд, аммо дар сатҳи расмӣ инро танҳо 30-юми апрел, пеш аз сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба кишвар тасдиқ карданд. Раиси ҷумҳурӣ дар мазҳари ом, танҳо 20-уми май, дар вақти кушодани чаҳор шифохонаи муваққатӣ дар Душанбе пайдо шуд ва ғайримустақим ба иттиҳомоте, ки алайҳи мақомот гуфта мешуд, бо тадбирҳои нав посух дод.

ЭЪТИРОЗҲО ДАР ХУРОСОНУ РӮШОН

Дар миёнаҳои моҳи май, вақте мақомот зери фишори афкори оммавӣ қарор доштанд, даҳҳо сокини Хуросон, ки аз селе зарар дида буданд, роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд. Онҳо аз ҳукуматдорон талаб карданд, ки ба мушкилашон расидагӣ шавад ва хонаҳояшон барқарор карда шавад.

Хонаҳои нав дар минтақаи селзадаи ноҳияи Хуросон
Хонаҳои нав дар минтақаи селзадаи ноҳияи Хуросон

Талошҳои эътирозгарон самар дод ва ҳукумат бо ҷалби командони давлатӣ ба сохтмони бештар аз шаст хона пардохт. Вале барои худи фаъолон ин амалҳояшон таъқиботи маъмуриву ҷиноӣ ба бор овард.

16-уми июн сокинони ноҳияи Рӯшон дар баробари бинои ҳукумати ноҳия алайҳи боздошти шахсоне, ки барои монеъ шудан ба амалиёти кормандони КДАМ гунаҳкор мешуданд, даст ба эътироз заданд. Сокинони маҳаллӣ мегуфтанд, низоъ пас аз бархӯрди дағалонаи низомиён ҳангоми боздошти гумонбарон ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон сар зад.

Дар робита ба ҳаводиси Рӯшон аз сӯйи мақомот иттилои расмие дода нашуд, вале Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки чанд нафар барои иштирок дар ин ҳаводис ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Эътирози пурсарусадотари дигар дар ноҳияи Ванҷ пеш аз сафари раисҷумҳур ба ин ноҳия дар моҳи август сар зад. Мақомоти интизомии ноҳия, аз ҷумла додситонӣ, қабл аз сафари раисҷумҳур чанде аз ҷавононро иҷборан ба тарошидани риш водор карданд, ки ин хашми ҷавонони ноҳияро ба бор овард ва онҳо дар баробари ҳукумати ноҳия даст ба эътироз заданд. Эътирозгарон бо раиси ноҳия Ҷаббори Қосим вохӯрда, ба ӯ гуфтанд, иқдоми маҷбурӣ тарошидани ришро аз сӯйи мақомоти ноҳия иҳонат ба шаъну шарафи худ медонанд ва хостори муносибати мадании мақомот бо мардум ҳастанд.

Баъдан ҳукуматдорон ба расонаҳо гуфтанд, ки касеро ба тарошидани риш маҷбур накарданд ва танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ин эътироз ҳам сару садоҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ дошт.

Норизоиятии шаҳрвандон ҳамчунин дар робита ба банд монданашон дар фурудгоҳҳои Маскав, Истанбул ва Дубай низ ба назар мерасид. Бисёриҳо дар марзҳои Русияву Қазоқистон ва Узбекистон низ банд монда буданд. Ҳар қадаре мақомот ба ин дер вокуниш карданд, ба ҳамон андоза мухолифин дар хориҷ бештар фаъол мешуданд.

Бояд гуфт, нуқтаи назарҳои мақомот ғайримустақим посухе ба интиқодҳои мухолифин ва фаъолони ҷомеа буд.

ДУ ДИДГОҲ БА ВАЗЪИЯТ

Хабарнигор ва шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ сол то сол бад мешавад ва ҳукумат тавони вокуниши сареъ ё фавриро ба ин надорад. “Ҳукумат тавони ба тарзи воқеӣ тағйир додани вазъи мардумро надорад, барои ҳамин онҳо ба мустаҳкам кардани мавқеъ ва амнияти худ ҳастанд”, -- таъкид мекунад Мирсаидов.

Барканории шахсони масъул аз мақомҳояшон дар Хуросону Рӯшон баъд аз ҳаводис, ба назари ӯ, бозгӯкунандаи онанд, ки барои ҳукумат муҳимтар аз ҳама ин буд, ки эътирозҳо бояд сурат намегирифтанд ва онҳо инро як нуқс ё камбуди ҷиддӣ ҳисоб карданд.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик

“Ҳукумат сол аз сол имконоти мардумро ба василаи қонунҳои гуногун маҳдуд мекунад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мардумро дар як шароити тарсу ваҳм нигоҳ медоранд ва ин ба вазъияти онҳо таъсир мегузорад. Аз ин рӯ, эътирозҳо шиддат мегиранд, зеро роҳи дигаре барои мардум вуҷуд надорад”, -- тахмин зад ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Бо ин баҳогузорӣ раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода розӣ нест ва эътирозҳоро кафили рушди демкоратия медонад.

“Эътирозҳо дар Хуросон ва ҷойҳои дигаре ҳам буданд, вале дар ҳеч куҷое пулис наомаду онҳоро бо адабчӯб латукӯб накард ва обу газ напошид. Алайҳи эътирозгарон аз нерӯҳои вижа кор гирифта нашуд, ҳукумат ин гуна бархӯрд накард”, -- мегӯяд Усмонзода.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Ба назари вай, мақомот амниятро таъмин карданд ва мардум мавқеи худро изҳор карданд, ки ин ба ташаккули ҷомеаи демкоратӣ мусоидат кард: “Вале мардуми мо ба ин андоза бефарҳанг нест, ки бар асари кадом як иштибоҳе, ки мешавад онро ислоҳ кард, ба даргирии шаҳрвандӣ даст бизананд. Мо ин ҳамаро пушти сар кардем ва медонем. Аз ин рӯ, мардум манфиатдор нест, ки оромӣ мисли кишварҳои ҳамсоя барҳам зада шавад.”

БОЗПАРДОХТИ ЭЪТИРОЗ

Эътирози ошкоро дар фарҳанги сиёсии муосири Тоҷикистон хатарнок арзёбӣ мешавад. Мардум норозигии худро умдатан дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор мекунанд. Бори охир аз ҳадафи худ дар мавриди баргузор кардани иқдоми эътирозӣ дар пойтахт муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев хабар дод, вале ҳоло дар боздошт аст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Одинаев 5-уми декабр бо иттиҳоми авбошӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе дастгир шудааст.

"Аммо бадтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар дар пасманзари амалкардҳои бесамари мақомот дар оянда метавонад таъсири худро ба фарҳанги сиёсӣ бигузорад", -- мегӯянд коршиносон.

ЭЪТИРОЗҲОИ ОЯНДА

Рамзия Мирзобекова
Рамзия Мирзобекова

“Нархи маҳсулот дар кишвар ҳар рӯз боло мераванд. Дар пасманзари ин, интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷирон кам шуда, арзи миллӣ беқурб мешавад ва таваррум боло меравад. Муҳоҷирон ба ватан дигар на барои муваққат, балки барои ин ҷо мондан бармегарданд. Ин баёнгари он аст, ки дар корёбӣ мушкил доранд. Ҳатто агар мақомот ба ин ба таври лозим вокуниш накардаанд, пас, фикр мекунам маҷбуранд дар соли оянда бархӯрд кунанд, зеро ҳамагирӣ ҳанӯз тамом нашудааст ва мушкилот бештар мешаванд”, -- мегӯяд рӯзноманигори мустақил Рамзия Мирзобекова.

Ба гуфтаи вай, дар шароити нав мақомот маҷбуранд чораҳои мувофиқе андешанд, на ин ки ба умеди ёриҳои ҷаҳонӣ бошанд.

Пештар коршиносон мегуфтанд, ба далели муҳоҷирати густардаи насли ҷавон аз кишвар ва ҳофизаи таърихии ҷанги шаҳрвандӣ дар бештаре аз қишрҳои мардум зарфиятҳои эътирозӣ намондаанд. Вале дар ҳоли ҳозир вазъи демографӣ дар кишвар тағйир ёфта, ҳамагирӣ рафтани муҳоҷиронро ба Русия маҳдуд кардааст.

Мувофиқи меъёрҳое, ки соли 2014 дар қонунгузорӣ ворид шуд, эъирозҳо дар кишвар танҳо бо иҷозаи қатъии мақомот сурат мегиранд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ метавонанд, худ арзиҳаоро барои баргузории намоишҳои эътирозӣ баррасӣ кунанд. Агар шумораи иштирокдорон аз ҳазор нафар бештар набошад. Агар шумораи онҳо бештар аз ин аст, пас, иҷозаро ҳукумати марказӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG