Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони тоҷик дар Русия аз эътирозгарони Хуросон ҳимоят карданд. ВИДЕО


Флешмоби фаъолони тоҷик дар Маскав ба ҳимоят аз боздоштшудаҳо дар Хуросон

Фаъолони ҳуқуқи тоҷик дар Маскав ба нишони ҳамрайъӣ бо сокинони боздоштшудаи ноҳияи Хуросон флешмоб ё як чорабинии варзишӣ баргузор карданд.

17-уми май даҳҳо сокини ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд. Бо ин роҳ онҳо мехостанд, таваҷҷуҳи мансабдоронро ба мушкили худ ҷалб кунанд. Мақомот гуфтанд, барои иштирок дар эътирози бидуни иҷоза даҳ сокини ноҳия ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабс шуданд. Сарнавишти 6 нафари дигари боздоштшуда рӯшан нест. Ба тарафдории онҳо, гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар Маскав, зимни бозии футбол нимтана ё футболка бо акси боздоштшудаҳоро пӯшиданд.

Видеоро ин ҷо бубинед.

Муҳоҷирони тоҷик ба ҳимоят аз боздоштшудаҳои ноҳияи Хуросон садо баланд карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Дар офати табии шаби 14-уми май дар ноҳияи Хуросон 2 нафар ҷон бохта, 300 хона хароб гардид.

Зарардидагон мегӯянд, дар се рӯзи аввали ҳодиса касе ба сарнавишти онҳо таваҷҷуҳ накард ва онҳо шабро дар манзили наздикон дар маҳаллаҳои дигар рӯз мекарданд. Онҳо мегӯянд, маҷбур шуданд ба нишони эътироз аз бетаваҷҷӯҳии мансабдорон роҳи Бохтар – Душанберо банданд.

Баъд аз ин эътироз, мақомот ба сокинони селзада кӯмак карда, барояшон манзили нав бунёд карданд, аммо дар айни замон ба сокинон барои ин корашон фишор оварда шуда, ташаббускорони онро барои бе иҷоза даст ба эътироз задан, боздошт ва ҳабс карданд.

Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқ, ин амалро ҳадди ниҳоии беадолатӣ нисбати афроди аз сел осебидида меномад. Бинобарин, ӯ тасмим гирифт, ба тарафдорӣ аз боздоштшудаҳо, дар Маскав мусобиқаи футбол доир кунад. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик ба ин чорабинӣ ҳамроҳ шуданд.

"Як ҳафта гузашт, вале касе аз мақомот ба ҷойи ҳодиса наомад. Ва мардум ҳам баромада фақат аз мақомот талаби кӯмак карданд”,-гуфт ӯ.

Бахтовар Ҷумъаев, аз ҳомиёни дигари ҳуқуқи муҳоҷирон ҳам бар ин бовар аст, ки боз кардани парвандаи ҷиноӣ барои як эътирози сулҳомез дуруст нест. Ӯ умед дорад, ки ҷомеа ба ин беадолатӣ бетаваҷҷӯҳӣ нахоҳад кард.

"Онҳо ягон ҳарфи ноҷое нагуфтаанд, коре накардаанд. Фақат риояи ҳуқуқҳои худро талаб ва садо баланд кардаанд", - гуфт Ҷумъаев.

Гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот ба нишони эътироз аз ҳаводисе ки дар Тоҷикистон мегузарад, пайваста дар Русия баргузор мешавад. 24-уми июн дар роҳпаймоии "Рӯзи ғалаба" дар Маскав, тарафдорони гурӯҳи 24, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъ аст, дар назди Кремл зидди ҳукумати феълии Тоҷикистон гирдиҳамоӣ карданд. Эътирозгарон бо қарори додгоҳ боздошт ва муҷозот шуданд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи “гурӯҳи 24” мегӯяд, эътироз дар хориҷ аз Тоҷикистон яке аз камтарин роҳҳои ибрози норозигӣ аз ҳукумати феълӣ аст. Дар Тоҷикистон аъзоёни ин гурӯҳ ифротгаро дониста мешаванд ва онҳое, ки дар дохил эътироз мекунанд, барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон мешаванд. Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор мегӯяд, "бинобарин, мардум маҷбур мешаванд, дар кившарҳои дигар эътироз кунанд, зеро дар дохили кишвар онҳо чунин иҷоза ва ҳуқуқ надоранд."

Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов, бар ин назар аст, ки нуқтаи атф барои Тоҷикистон қабули қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат" буд, ки ба президент Эмомалӣ Раҳмон мақоми болотаринро дод. Маҳз баъди ин, ба гуфтаи ӯ, кишвар аз низоми авторитарӣ ба тотолитарӣ гузашт. Акнун ташкили ҳамагуна эътироз дар дохили Тоҷикистон номумкин буда, пайёмади ғамангез дорад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд: “Тамоми қудрат дар Тоҷикистон дар дасти як шахс аст ва меъёрҳои сарқонун риоя карда намешаванд, ҳуқуқу озодиҳои инсон поймол карда мешаванд. Шаҳрвандон дар дохили кишвар фикри худро озод баён карда наметавонанд.”

Вале фаъолони тоҷик мегӯянд, тазоҳурот дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ҳам метавонад барои ташкилкунанда ва ширкатдоронаш паёмадҳои нохуб дошта бошад. Ба бовари онҳо, сохторҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон ҳамкории зич доранд ва ҷониби Тоҷикистон бидуни мушкил метавонад, чунин афродро ҷинояткор эълон карда, аз мақомоти Русия истирдоди ӯро талаб кунанд. Ва агар созмонҳои ҳуқуқи башар сари вақт ба қазия дахолат накунанд, эътирозгар ба Душанбе ихроҷ шуда, бо эҳтимоли зиёд барои чандин сол ба кунҷи зиндон мераванд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG