Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди 6 сокини Хуросон барои "эътирози оммавӣ" парванда боз кардаанд


Даҳҳо сокини Хуросон рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.
Даҳҳо сокини Хуросон рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.

Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чор нафар дар боздошт қарор дошта, ду тани дигар бо шарти берун нашудан аз ноҳия, дар озодӣ ҳастанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо ба даъвати сокинон ба эътирози оммавӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор мешаванд.

"Парвандаро муфаттишони Прокуратураи генералӣ тафтиш доранд. Инҳо бештар ҷавононе буданд, ки дар ҳамон рӯзи эътироз иштирок карда, мардумро гуфтаанд, ки роҳ ба Душанберо бандед",-гуфт ӯ.

Дар Додситонии ноҳияи Хуросон ба Радиои Озодӣ боздошти ҷавононро тасдиқ ва рад накарданд, вале гуфтанд, ки тафтиши парванда дар салоҳияти онҳо нест. Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон низ гуфт, ки аз боздошти сокинони ноҳия огоҳ ҳаст, вале тафтиши ҳодиса бар дӯши мақомоти зидахл аст ва ӯ ҷузъиётро намедонад.

Дар ҳоле, ки мақомоти тафтишотӣ ва масъулони маҳаллӣ ҳозир нашуданд шахсияти афроди боздоштшударо ошкор кунанд, аммо манбаъҳои Радиои Озодӣ аз онҳо Маҳмадкарим Ҳасанов, Маҳмадраҷаб Холов ва бародарон Ҳусейн ва Кароматуллоҳ Ҳусейновҳо ном бурданд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо сокинони деҳаи Неъматуллоҳ Асадуллоҳ мебошанд.

Шоми 14-уми май дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расида, манзили чанде аз сокинон зарар дид. Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Хуросон мегӯянд, ҳудуди 10 хона пурра вайрон шудааст, вале сокинон мегӯянд, хисороти расида аз ин зиёд аст. Ба гуфтаи сокинон, дар ду ҷамоат зиёда аз 50 чорвои мардум нест шуда, ҳамзамон чанд мошин зери хок мондааст.

Хуросон аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ бахусус сел аст. Солҳои гузашта низ омадани сел ба ин ноҳия зарари зиёд расонда буд. Бори ахир дар моҳи марти имсол як сокини ноҳияи Хуросон дар вақти омадани сел ҳалок шуда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG