Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Минтақаи пулисӣ" кардани макони селзада мушкилро осон мегардонад?


Акс аз блоги Раҷаби Мирзо
Акс аз блоги Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Вақте мардумро мутмаин карда наметавонанд...

Ҳамааш аз офати табиӣ сар шуд. Мақомот мегӯянд, рӯзи 14-уми май дар натиҷаи бориши сахти борон дар деҳаҳои ба номи Неъматулло Асадулло ва “18-ум анҷумани ҳизб”-и ноҳияи Хуросон 11 манзил пурра ва 25 хона қисман зарар дид. 16-уми май сел омад, ярч фаромад ва ба 25 хона пурра, ба 14 манзили дигар қисман зарар расонд. Мактаби рақами 12, як қисми роҳҳои маҳаллӣ низ корношоям гардиданд.

Зарари расидаро 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд. Бадбахтона, сел ҷони ду нафарро ҳам гирифт.

Бори аввал нест, ки ба ин деҳаҳо сел меояд ва хонаи мардумро хароб мекунад. Шикояти мардум аз он аст, ки ҳар сол мақомот танҳо замоне ба кумакашон меоянд, ки сел ба онҳо зарари зиёди молӣ мерасонад. Аммо ин дафъа ҳатто барои аз макони офат берун кардани дороии бозмондаашон мушкил пеш омад. Одамони зарардида рӯзи 2-юми июн дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтанд, ки маҷбур буданд аз зери лой ҷиҳози боқимондаашонро худ берун кунанд ва мошину экскватор киро карда, ба ҷои амн интиқол диҳанд.

Мисле, ки сабрашон поин омад, 17-уми май шоҳроҳи Душанбе – Бохтарро бастанд. Сабабашро дар суҳбат бо ҳамкасбони мо ба ин нисбат доданд, ки аз ҳодиса се рӯз гузашт, вале аз ҷониби мақомот кумаку дастгирии ҷиддие эҳсос накарданд.

"Дафъаҳои гузашта ҳам, ки сел хонаву роҳҳои моро вайрон мекард, масъулин меомаданд, ваъда медоданд ва пас аз рафтан фаромӯш мекарданд. Мо имкони ҳар сол хона сохтану таъмир карданро надорем. Барои ҳамин, мардум хост мушкилашонро то охир ҳал намоянд", - гуфтаанд мардуми осебдида дар суҳбатҳои худ бо хабарнигорон, вале таъкид кардаанд, аксу номи онҳоро нашр накунанд.

Ба ҷои ҳодиса – шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, ки мардум онро баста буданд, ба зудӣ кормандони милиса мерасанд ва роҳро мекушоянд. Аммо дертар дар гузоришҳои видеоӣ баъзе аз занҳо шикоят карданд, ки барои ин эътироз шавҳару бачаҳои ҷавонашонро боздошт кардаанд. Дар сатҳи расмӣ дар бораи ин боздоштҳо маълумоте нашр нашудааст. Мардум ҳам аз баррасии ин мавзӯъ, вақте аз онҳо пурсидем, худро канор мегиранд.

Шояд натиҷаи ин эътироз буд, ки пагоҳаш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳ бо муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода ба назди мардуми селзада рафтанд. Гуфта мешавад ба ҷараёни ин мулоқот журналистонро раҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, саволҳои зиёд, аммо бе посух, бидуни шак таваҷҷӯҳи ҷомеаро бештар мекард. Журналистон бояд ба онҳо посух дармеёфтанд. Хабарнигори “Азия плюс” Абдуллоҳи Ғурбатӣ 29-уми май хост, ба ҷои ҳодиса равад. Аммо нарасид. Дар нимаи роҳ мавриди латукӯб қарор гирифт.

Бидуни шак ин ҳодиса макони офати табииро бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод: Оё дар ин ноҳия чӣ мегузарад, ки аз расонаӣ шуданаш ташвиш ба миён овардааст?

Ҳоло ин савол посухи худро ба вуҷуд наоварда буд, ки субҳи рӯзи дигар дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ таҳти унвони “Созанда мебояд, на сузанда” матлабе ба нашр расид. Онҳо гуфтанд, ки “баъзе хабарнигорон ба ҷойи дастгирии маънавӣ ... мехоҳанд бо ангехтани иғвою дасиса, бедор кардани ҳисси норозигӣ ва равған рехтан ба оташи қаҳру ғазаби сокинон фазои зиндагиро ноором созанд”.

Баъд мисол оварданд, ки гӯё Абдуллоҳ Ғурбати “бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шуда ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта гузориши "ҳангоманок" таҳия намояд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд... Дар натиҷа миёни сокинон ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид."

Дертари ҳамон рӯз, гурӯҳи “Авангард”-и назди ин вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанд расонаи ба истилоҳ мустақил “Муроҷиатнома ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо аз номи сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон”-ро нашр карданд ва гуфтанд, “аз расонаӣ ва халалдор кардани ҳаёти осудаи мо даст бардоред ва ба ҳангомае ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон моро дастгирӣ ва нисбат ба мо ғамхорӣ намекунад, хотима диҳед”.

Баъд илова карданд, ки ҳукумат ба мардуми зарардида кумакҳои заруриро саривақт мерасонад ва онҳо мушкиле надоранд. Даъвояшон аз ману Иттифоқи журналистон ин буд, ки чаро аз Ғурбатӣ ҳимоя мекунем?

Аҷиб буд... Оре, инҷониб матолибе дар бораи қазияи латукӯби ҳамкасби ҷавонам навишта будам, аммо чаро аз ИЖТ, ки то имрӯз дар бораи қазияи ҳамкасби мо чизе нагуфтааст, ном бурданд, мавзӯъро боз ҳам пурмуаммо карданд.

Бар илова, қисмати охири ин “нома” таҳдиди ошкор дошт: “Мо – сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон бо итминони комил гуфта метавонем, ки агар як нафар аз мо бо даъвою ҳаракатҳои ғайриқонунии хабарнигори "Азия-Плюс" аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, дастҷамъона рафта, дар бари ӯ меистем ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат карда, намегузорем ӯ беҷазо монад."

Шубҳаҳо бештар шуданд. Аввалан, гумон аст, ки инро мардуми зарардида нависта бошад ва дувум, бисёрии имзоҳо якхела ба назар мерасиданд.

Ин моро водор мекард, ки ба мавзӯъ бархӯрди ҷиддӣ дошта бошем. Ҳамкасбон пешниҳод карданд, ки як гурӯҳ журналистон ба маҳалли офат равем. Ҳам бо мардум сӯҳбат кунем, ҳам то ҷои имкон мушаххас намоем, ки дар ин ноҳия чӣ мегузарад? Аз мардуми имзокарда ба “муроҷиатнома” сабаби бархӯрди онҳоро равшан намоем ва фаҳмем, ки оё воқеан ҳам Ғурбатӣ ба маҳалли ҳодиса рафта буд?

Чун дар посух ба иддаои ВКД навишт, ки латукӯби ӯ дар нимаи роҳ сурат гирифтааст, на дар хаймаҳои муваққат. Ба даъвати мо барои сафар ба ин ноҳия ҳамкасбони зиёде ҳамовозӣ карданд.

Вақте раиси ноҳия ҳам иҷозат мепурсад...

Субҳи барвақти 2 июн дар наздикии бинои “Шарқи озод” ман, Нуриддин Қаршибоев, Лилия Гайсина, Иршод Сулаймонӣ, Меҳрангез Турсунзода, Сурӯш Раҳмонӣ ва Гулнора Амиршоева ҷамъ омада, роҳии Хуросон шудем. Дар рӯ ба рӯ бо ҳукумати ноҳия тасмим ин шуд, ки ба ду гурӯҳ тақсим мешавем. Як гурӯҳ ба назди раиси ноҳия медароем ва гурӯҳи дигар ба маҳалли ҳодиса. Хабарнигори минтақавии “Озодӣ” Орзуи Карим ҳам то ин замон аз шаҳри Бохтар ба назди мо расида буд.

Ба ҳукумати ноҳия Нуриддин Қаршибоев, Гулнора Амиршоева, Иршод Сулаймонӣ, Орзуи Карим ва ман ворид шудем. Лилия, Меҳрангез ва Сурӯш ба деҳаи селзада рафтанд.

Раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода марди дар ҳақиқат хоксор будааст. Мулоқоти мо дар толори ҷаласа сурат гирифт. Раис ба минбар набаромад, дар поин, баробари мо курсиеро гузошту нишаст. Дар бораи офати табиӣ, ки бо сабабҳои ҷуғрофӣ дар ин ноҳия зиёд пеш меоянд ва сабабҳои он гуфт. Кадоме аз масъулини ноҳия баъд ба пешаш як даста ҳуҷҷатҳоро овард ва Сафарзода, ки дар баробари хоксорӣ шахси самимӣ ҳам будааст, гуфт матни “муроҷиатномаи” дар боло зикршударо барояш овардаанд ва ӯ бо он то охир шинос нест. Ҳамин тавр, баҳс сӯи фаъолияти журналистон кашида шуд. Раис қалами сиёҳ ва коғазҳои сафеди пешашро чандин бор боло бардошт ва гуфт, вақти навиштани матлабҳо бояд ин рангҳо ба асли худ гуфта шаванд.

Ҳамкасбони мо ҳам дар посух гуфтанд, ки барои гуфтани воқеиятҳо бояд шароит ба вуҷуд овард, маълумот пешниҳод намуд. Сафарзода гуфт, ки телефонаш шабу рӯз фаъол аст ва ҳеч гоҳ занги касеро бе ҷавоб намемонад. Орзуи Карим инро тасдиқ кард, вале гуфт ғайр аз раис пайдо кардани масъулини дигар осон нест, онҳо ё ба саволҳо ҷавоб намедиҳанд, ё умуман ба занг.

Лаҳзаи суҳбати хабарнигорон бо раиси ноҳияи Хуросон. 2-юми июни 2020
Лаҳзаи суҳбати хабарнигорон бо раиси ноҳияи Хуросон. 2-юми июни 2020

Вобаста ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ раиси ноҳия иқрор кард, ки аз он огоҳ аст ва дина то дери шаб ин мавзӯъро бо муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ, ки назорати ин қазияро ба ӯ вогузоштаанд, баррасӣ кардааст ва умед дорад гунаҳкорон пайдо ва муҷозот мешаванд.

Расидем ба масъалаи асосӣ, ки мехоҳем ба маҳалли селзада равем, вазъиятро аз наздик бинем, бо мардум сӯҳбат намоем. Сафарзода боз ҳам самимона иқрор кард, ки мавзӯъ як печидагӣ дорад: ӯ бояд ин масъаларо бо кадоме аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ машварат намояд. Ӯ барои посух гирифтан ба утоқаш рафт. Акнун саволе мавриди баррасии ҳамкасбони мо қарор гирифт: дар ин ноҳия масъулияти кӣ аз ҳама баланд аст? Хоса дар мавзӯе, ки ҳеч иҷозаи қонуниро ҳам тақозо намекунад.

Ин мавзӯъро муҳокима доштем, ки Сафарзода ба толор баргашт ва гуфт, ки чунин иҷозатро ба ӯ додаанд. Муовини раиси ноҳия Нуринисо Подшоҳқулзодаро вобаста кард, ки моро ҳамроҳӣ намояд...

“Агар чизе гӯем, моро хоин мегӯянд”

Дар даромадгоҳи макони селзада ҳамкасбонамон, ки пеш аз мо рафта буданд, мушкиле пеш омада буд. Мошини онҳоро кормандони БДА манъ карда, гуфтанд, ки бе иҷозати мақомдорони баландтар наметавонанд ба онҳо рухсати сафар бидиҳанд. Ба саволи хабарнигорон посух ин шуда, ки аз ин вазъият метавонад ҳар кас истифода намояд. Аз ҷумла дуздон. Аз ин дидгоҳ, албатта кори дурусте ҳаст. Ҳарчанд қонунгузории вобаста ба журналистон дар ин гуна ҳолатҳо талаботи дигар дорад: баробари дидани ҳуҷҷат набояд ба фаъолияти онҳо монеъ шуд!

Ҳудуди 15 дақиқа зарур шуд, ки чунин иҷозатро онҳо пайдо кунанд. Ҳамкасбон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ки агар мехоҳанд, метавонанд бо онҳо ҳамроҳ бошанд. Вале онҳо рад карданд. Якеаш ҳатто ошкоро гуфт, ки аз ночорӣ ин ҷо истодааст, вагарна сахт монда шудаву нав аз сафари хидматӣ аз Бадахшон омадааст...

Ин гурӯҳи ҳамкасбони мо аллакай аз мавзеи офат дида карда буданду ҳоло дар хаймаҳои муваққат бо мардум сӯҳбат доштанд.

Гурӯҳи мо якҷоя бо масъулони ноҳия ба маконе омадем, ки мардум ҷамъ шуда буд. Ҳилоли Аҳмар барояшон кумак овардааст. Дертар аз Бадахшон ҳам бояд мошини дигари кумакҳо мерасид.

Дар ин миён аллакай ҳамкасбони мо имкон ёфтанд, ки бо чанде аз сокинони зарардида сӯҳбат кунанд. Чеҳраҳои аксар ғамгин, вале аксарият мегуфтанд аз чизе шикоят надоранд. Дар сӯҳбат бо ҳамкасбони мо, ки пештар ба маҳалли селзада омада буданд, бархе сокинон гила кардаанд, ки гапҳои мегуфтаашон зиёд аст, аммо, агар лаб во кунанд, ба онҳо тамғаи “хоинӣ” зада мешавад...

Хабарнигорон дар маҳалли селзада. Рӯзи 2-юми июни 2020
Хабарнигорон дар маҳалли селзада. Рӯзи 2-юми июни 2020

Зимни сӯҳбате, ки бо мо ҳам гурӯҳи занҳо мекарданд, танҳо як бону нав лаб ба шикоят бурд, ки барояш бархе лавозимотро додаанду аммо ӯ барои киро кардани устоҳо пул надорад, ки мавриди ҳуҷуми атрофиён қарор гирифт. Махсусан як ҷавон бо куртаи сафед фаъол ба назар мерасид. Воқеан, ҳатто навогирии моро аз ҷараёни ин сӯҳбат одамони шубҳаноке дар атроф напазируфтанд ва ишора карданд, ки “чӣ даркор занакҳоро сабт кардан, айб аст”. Ба онҳо дар ҷараёни сабт фаҳмонидем, ки ин ягон мушкили ҳуқуқиву ахлоқӣ надорад.

“Ифтихори миллӣ” дар фаҳмиши раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи Бохтар

Дертар он ҷавони куртаи сафедпӯш, ки маълум гардид роҳбари созмони ҷавонони Донишгоҳи Бохтар Меҳроҷ Ҳалимзода будааст, ба сӯҳбати мо ҳам ҳозир шуд. Аҷиб буд, ки нафари дигаре, ки ба син аз ӯ хурдтар ба назар мерасид, пинҳонӣ ин сӯҳбатҳоро сабт мекард. Маслиҳаташ додем, ки мо гапу кори ғайриқонуние надорем, метавонад ошкор сабт кунад. Шояд шарм кард, ё рисолаташ тамом шуд, ки аз пешамон дур рафт.

Раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи Бохтар, ки мегуфт гӯё волидонаш сокини ин ноҳияанду барои ҳамин ба макони ҳодиса омадааст, зимни сӯҳбат бо ҳамкасбони мо боз ҳам сӯҳбатро сӯи ватандӯстиву ифтихори миллӣ бурд. Аммо вақте аз ӯ пурсиданд, ки дар бораи қазияи Абдулло Ғурбатӣ - журналисти латукӯбшуда дар як давлати ҳуқуқбунёд чӣ назар дорад, боз ҳам аз ифтихори миллӣ забон кушод ва гуфтан хост, ки бо расонаӣ кардани ин ҳодиса ва гузоштани аксҳои одами латукӯбшуда гӯё ифтихори миллӣ коҳиш меёбад. Ҳарчанд мегуфт он рӯз дар маҳалли ҳодиса набудааст, аммо бисёр боитминон изҳор дошт, ки мақомот ба ин кор хулосаи ниҳоии худро хоҳанд дод.

Воқеан, бегоҳи ҳамон рӯзе, ки мо ба Хуросон рафта будем, суди ин ноҳия дар мавриди қазияи Ғурбатӣ ҳукми худро содир кард. То оғози мурофиа Абдулло онҳоеро, ки мақомот ҳамчун омилони ин латукӯб боздошта буданд, шиносоӣ кард. Онҳо сокинони ин ноҳия Сӯҳроб Бобоев, Абдумаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов будаанд, вале ба деҳаи аз офат зарардида иртибот надоштаанд.

Бо ин вуҷуд, суд онҳоро танҳо аз рӯи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва танҳо ҷарима дар ҳаҷми 580 сомонӣ муҷозот намуд, на аз рӯи талаботи Кодекси ҷиноӣ.

Аммо ин муҷозоти хеле сабукро ҳам дар ВКД қабул надоштанд. Рӯзи дигар онҳо дар матлабе дар сомонаи расмии худ, ки “Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ)” ном дошт, натиҷаи мурофиаро навиштаву вале илова карданд, ки “гарчанде хабарнигор нисбати сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хурсон ба дағалӣ роҳ додааст”.

Дар ҳамин ҳол, сокинон, ки ҳамроҳони мо бо онҳо имкони сӯҳбат доштанд, гуфтанд, ки ё дар бораи ин қазия чизе намедонанд, ё аз забони касе шунидаанд, ки 200 метр аз макони хаймаҳо ин ҳодиса иттифоқ афтодааст. Дар бораи муроҷиатнома бошад, ҳеч кас дарак надошт...

Бо ҳамин оё гуфтан мумкин аст, ки як қазияи пурсару садо ва саволҳои зиёди як макони селзада посухи мушаххасу қонеъкунанда пайдо карданд?

Ду саволи мардуми зарардида

Ахиран сарвазир Қоҳир Расулзода ҳам ба макони селзада сафар намуд. Ба ӯ ҳам маълумот доданд, ки ба 67 хонаводаи зарардида дар маҳалли бехавф, мавзеи Чорбоғи ноҳияи Хуросон ба масоҳати 8-сотихӣ қитъаҳои замин барои бунёди манзил ҷудо гардид.

Президент Раҳмон ҳам тибқи хабарҳои расмӣ ба зарардидагон 370 тонна семент, 74 тонна арматура, 3700 дона шифер ва 370 метри кубӣ тахта фиристодааст. Дар бораи кӯмакҳои ғизоии расида аз ҷониби ҳукумати марказӣ ва вилояти Хатлон ҳам хабарҳо расонаӣ шудаанд.

«Мақомоти давлатӣ дар барқарорсозии манзилҳои зисти харобшуда, инчунин бунёди муассисаи таълимии нав, бунгоҳи тиббӣ, ташкили инфрасохтор ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард», - зикр намудааст Расулзода зимни сӯҳбат бо мардум ва тавре “Ховар” менависад, ваъда додааст, ки “мақомоти дахлдори давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ барои дастраснамоии ҳаҷми зарурии масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо мусоидат мекунанд ва то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, яъне моҳи сентябри соли ҷорӣ, сохтмони ҳамаи 67 манзили зист бояд ба анҷом расад”.

Аммо мардум ду саволи ҳамоно беҷавоб доранд:

  • Ба онҳо қисме масолеҳи сохтмониро ҳукумат дод, қисмеро аз хонаҳои селбурдаашон, ки боқӣ мондааст, ба маҳалли нав оварданд, вале барои пардохти хизматрасонии усто пул надоранду онро аз куҷо ёбанд?
  • Дар заминҳои пешин, ки ҳарчанд ҷои хавфнок буд, аммо теъдоди замини киштбобашон зиёд буду аз ҳисоби ин заминҳо ризқи худу кӯдаконро меёфтанд (яке аз мусоҳибон дар бораи доштани 10 га замин изҳор намуд, ки дар 6 га гандум, дар 2 гектарӣ картошкаву пахта мекоридааст), акнун дар заминҳои хурд ва дар ноҳияе бо маҳдудияти ҷои кор, зиндагиро чӣ гуна пеш баранд?

Чаро ВКД якбора “журналистбадбин” шуд?

Офати табиӣ дар Хуросон, роҳбандии сокинон ва латукӯби Ғурбатӣ як мавзӯи дигарро пеш овард. Бархӯрди Вазорати корҳои дохилӣ бо журналистон. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар ҳамкасбони мо аз ин ниҳод, хоса бахши матбуотӣ ва бархе иқдомҳои роҳбари аввалаш таъриф мекарданд.

Пас чаро чунин иттифоқе пеш омад?

Мешавад ду хулосаи кӯтоҳ кард.

  • Якум, шояд чунин тасмим дар сатҳ, ё ниҳоди дигар гирифта шудаву ҳадафашон то ҷои имкон коҳиш додани имиҷи роҳбарияти ВКД дар назди журналистон бошад? Эҳтимол чунин тасмимро яке аз масъулини вазорат ба шахси аввали он дуруст арзёбӣ карда бошад ва он ҳам бо ҳадафи дигар: коҳиш додани ҷойгоҳи “милисаи №1” дар назди кормандони ВАО?
  • Дуюм, дар сатҳи таъсиррасон шояд ин тасмимро дар заминаи ҳаводиси ахири Амрико, ки аз бархӯрди ваҳшатноки як пулис оғоз ёфт, дуруст шуморида бошанд, то “чашми мардум тарсад”. Вале ҳаводиси он сӯи уқёнус барои пулис ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тамоми кишварҳо ҳикматҳои дигар ҳам дод.

Наход дар мо сари ин ҷиддитар фикр накунанд?

Вагарна маълум аст, ки “минтақаи пулисӣ” кардани мушкилот дар ягон давра ва давлат натиҷаи хуб надодааст. Хоса вақте сухан дар бораи мавзеъҳое меравад, ки офатдидаанд ва эҳсосот боло мераванд.

Зимни сӯҳбат бо раиси ноҳияи Хуросон инҷониб аз як давлатмардамон иқтибос овардам, ки мегуфт “мардуми мо мардуми хубанд, агар тоқати шунидани онҳоро дорем”.

Масали мардумӣ ҳам вобаста ба ин вуҷуд дорад: “меҳр дар чашм аст”.

Пас беҳтар нест, ки ба мардум наздик бошем, мушкилоташонро бишнавем, роҳҳои ҳал ҷӯем ва онҳоро мутақоид намоем?

Ё дар мо сахт мутмаинанд, ки ҳама мушкилро бо зӯри мақомот ҳал кардан мумкин?

Ман ба ин бовар надорам...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG