Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳволи мардуми Хуросон, бозгашт ба кор ва ташвиқи миллат дар Озодӣ Онлайн.ВИДЕО


Имрӯз аз беҳтар шудани аҳволи баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯем, сипас ба ноҳияи Хуросон меравем, ки сел омада як деҳаро хароб карду мардумро ба кӯча кашид. Даъвати як ҷавон ба ноумед нашуданро ҳам мебинем ва як видеои ҷолиби дигареро ҳам аз Маскав дорем.

Бо сабуктар шудани маҳдудиятҳо дар шаҳри Маскав, баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик дигарбора ба ҷойи корашон бармегарданд ва мегӯянд, умедворанд, аҳволашон баъд аз бепулӣ ва карантин беҳтар мешавад. Дар як видеое, ки муҳоҷири тоҷик аз вилояти Маскав фиристод, ӯ нақл мекунад, ки рӯзи 12-уми май ба онҳо иҷоза доданд, ба кор баргарданд ва ҳоло кор идома дорад ва онҳо умедворанд, зиндагӣ баъд аз ин «бало» хуб мешавад.

Онгуна ки медонед, сел Хуросон дар ҳафтаи гузашта даҳҳо хонаро вайрон кард ва таъхир дар кӯмак сабаби эътирози сокинон шуд. Онҳо рӯзи 17-уми май роҳи Бохтар-Душанберо бастанд ва талаб карданд, мақомот зудтар ба додашон бирасанд. Ҳамин гузориш дар вебсайти мо ва дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграм ва Фейсбук баҳси зиёдеро барангехт.

Аз эътироз дар Хуросон то то ба ояндаи неки Тоҷикистон дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Як корбаре, ки худро «Ба Фирдавс» муаррифӣ кардааст, чунин менависад:» “Агар мушкили худро мардум ҳаллу фасл кунанд, ҳукумат барои чист? Ё ҳукумат фақат барои ҷамъ овардани андозу пули замину боҷу барқ дигару дигар аст. Бигзор имсол мошину хонаҳои бодабдаба нахаранд ва ба мардуми бечораи Хуросон ёрдам кунанд.”

Корбаре, ки худро «Хуросон» номидааст, мегӯяд, азбаски садои мардум ба гӯши мақомот нарасидааст, онҳо ночор роҳи эътирозро пеш гирифтаанд, то таваҷҷӯҳро ба мушкилашон ҷалб кунанд. Шарҳи ӯро мехонем: «Агар ҳокимон ба дарду мушкилоти мардум расидагӣ накунанд, мардуми бечора маҷбур аст, ё роҳро бандад ва ё кори дигар кунад. Дар кишварҳои пешрафта ба мисли Амрикову Аврупо агар ноадолатие буд, мардум корпартоӣ мекунанд, дӯконҳояшонро маҳкам мекунанд ва роҳҳоро бо мошинҳои худ мебанданд.»

Аммо nosirov_o7o7 - як корбари Радиои Озодӣ дар Инстаграммро вазъи сиҳатии мардум дар замони густариши коронавируси нав 19 ва шеваи эътирозашон нигарон кардааст, ки чунин менависад: “Агар дар байни онҳо яке бемор бошад, ҳамаашон бемор мешаванд. Баъд 14 рӯз мунтазири рентген мемонанд ва мегӯянд, ки моро шифохона қабул намекунанд. Инҳо роҳро бастаанд, нигоҳ намекунанд, ки онҷо беморӣ, касе ба ҷаноза дер мекунад. Равед назди ҳукумат, барои чӣ роҳи мардумро мебандед. Мардум чӣ айб дорад.”

Бармегардем ба дидани видеоҳои шумо ва аз муроҷиати Меҳробиддин Садриддинзода як ҷавоне аз Душанбе оғоз мекунем, ки мегӯяд, умедвор аст, эпидемияи коронавирус ба зудӣ тамом ва ҳамачӣ дар Тоҷикистон хуб мешавад. Ӯ мегӯяд: «Иншоолоҳ ҳама ин рӯзҳо мегузарад, бемориҳо ҳам паси сар мешавад. Умед бар он мебандем, ки рӯзҳои хуб дар пеш аст, халқи азизам рӯҳафтода нашавед, рӯзҳои беҳтарин дар пеш аст.»

Як видеое, ки бинандагони содиқи мо, яъне муҳоҷирон аз Русия фиристоданд, жолаи сахти рӯзи 20-уми май дар вилояти Маскавро нишон медиҳад. Жола ҳам ба ҳаддест, ки ҳамаҷоро мисли барф сафед кардааст. Сипос аз онҳое, ки видеову назарҳои худро мефиристанд. Вотсапу Вайберу Телеграму ИМО-ро дар ҳамин шумора +420 607 900 808 дорем.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG