Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон ба Маҳмурод Одинаев 15 сол зиндон талаб кардааст


Маҳмурод Одинаев

Дар мурофиаи рӯзи 27-уми январ дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ намояндаи додситонӣ (айбдоркунандаи давлатӣ) ба Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, 15 сол зиндон талаб кардааст. Одинаев 59-сола аст.

Яке аз пайвандонаш, ки дар мурофиа иштирок дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба ӯ вобаста ба моддаи авбошӣ 6 сол ва дар робита ба моддаи даъвати ом ба ифротгароӣ 9 сол зиндон хостанд."

Пештар наздиконаш гуфтанд, ки Маҳмурод Одинаев дар мурофиаи аввал, рӯзи 25-уми январ, ҳарду иттиҳомро беасос номидааст. Илова ба ин, дар ҳоле ки мақомот далели боз шудани парвандаи "авбошӣ"-ро ба ҳодисаи 29-уми октябри соли гузашта дар назди Комиссариати ҳарбии Ҳисор пайванд додаанд, дар мавриди моддаи "даъвати ом ба ифротгароӣ" ҳарфе нагуфтаанд.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, ки ҳамзамон бо падараш муҳокима мешавад, гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ нисбат ба ӯ 4 соли зиндон пурсидааст. Мақомот ӯро ба авбошӣ муттаҳам медонанд, аммо худаш гуфт, айбномаро инкор кардааст.

Як намояндаи Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо шарти зикр накардани номаш рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи Маҳмурод Одинаев ва писараш ду рӯз пеш шуруъ шуда, "ба таври боз идома дорад". Ӯ гуфт, "дар толори мурофиа пайвандон ва чаҳор шоҳид ҳузур доштанд".

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, дар мурофиаи рӯзи чаҳоршанбе иштирок дошт ва дар он вакили мудофеъ пешниҳод кардааст, ки парванда ба тафтишоти иловагӣ пешниҳод карда шавад. Вай аз он нигарон аст, ки "парвандаро хеле саросемавор ба баррасӣ гирифтаанд" ва, мумкин аст, ҳукми муовини боздоштшудааш ба зудӣ эълон гардад.

Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.

Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Ризоев дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Пайвандони Маҳмурод Одинеав дар назди Комиссариати ҳарбӣ будани ӯро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, он рӯз ба зидди, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб шудани писараш, эътироз карда буд. Дертар Одинаевро ба даъвати ом ба ифротгароӣ муттаҳам карданд, аммо ҷузъиёти онро шарҳ надоданд.

Айни замон Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев дар боздошт аст ва ба авбошӣ муттаҳам мешавад.

Мухолифон боздошту эълони иттиҳом ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Ӯ пеш аз боздошт фаъолияти мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли гузашта дар "Фейсбук" навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.

Рӯзи 13-уми январи имсол Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифин ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG