Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвари аврупоӣ гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эронро "изтирорӣ" хонданд


Пас аз як рӯзи оғози даври ҳаштуми музокироти эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон дар Вена, гуфтугӯкунандаҳои се кишвари аврупоӣ – Бритониё, Фаронса ва Олмон – рӯзи 28-уми декабр вазъияти ин гуфтугӯро "изтирорӣ" хонданд. Гуфтугӯҳо баъд аз он ки соли 2018 Амрико аз созишнома хориҷ шуд, рӯзи 27-уми декабри имсол дар пойтахти Австрия оғоз шуд.

Дар баёнияи се кишвари музокиракунанда омадааст, "ин гуфтугӯ изтирорӣ аст... Музокирот бисёр оҷил аст ва ҳайатҳои намояндагии мо бо ҳусни ният барои расидани фаврӣ ба тавофуқ, ба Вена омадаанд".

Фаронса, Олмон ва Бритониё дар баёния ғанисозии 60-дарсадӣ барои кишваре бидуни силоҳи ҳастаиро бесобиқа хонданд. Онҳо афзудаанд, қасд надоранд, санаи ғайривоқеъбинона барои поёни гуфтугӯҳо муайян кунанд, вале ба эҳтимоли зиёд ин музокирот дар чанд ҳафта ва на чанд моҳ, ба поён хоҳад расид.

Ҳамоҳангсози аврупоии музокироти ҳастаӣ, ки раёсати гуфтугӯҳоро ба уҳда дорад, рӯзи душанбе гуфта буд, ки ҳама тарафҳо "иродаи рӯшане барои поёни муваффақиятомез нишон медиҳанд", аммо Теҳрон ва Вашингтон ҳар ду бояд тасмимҳои сиёсии сахте бигиранд.

Чину Русия низ дар музокирот барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG