Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод як мактаби низомӣ ба номи бобои президент месозанд


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар макони чанд бинои зисти тахрибшуда мактаби низомие ба номи Бердимуҳаммад Аннаев - бобои президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов месозанд.

Вазорати мудофиаи он кишвар барои сохтани ин мактаб бо як ширкати туркӣ шартнома бастааст. Сохтмони мактаб барои 700 хонанда моҳи январи соли 2022 оғоз ва то моҳи августи соли 2024 анҷом хоҳад шуд.

Чанд бинои истиқоматиро ибтидои соли ҷорӣ тахриб карданд ва ҳамакнун маълум шуд, ки дар макони онҳо мактаби нави низомӣ месозанд.

Бердимуҳаммад Аннаев - бобои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ширкат кардааст.

XS
SM
MD
LG