Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди 15 рӯзи ҳабс барои ронандаҳои сархуш дар Узбекистон


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Комил Алламҷонов, раси Шӯрои роҳбарони Бунёди ҷамъиятии ҳимоят аз расонаҳо дар Узбекистон пешниҳод кард, ронандаҳо барои дар ҳолати сархушӣ рондани нақлиёт 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шаванд.

Вай ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки баъди ҳабси маъмурӣ ҳуқуқи ронандагии онҳо бекор шавад.

"Бо назардошти он, ки ҳамасола дар натиҷаи садама дар роҳҳо ҳазорон кас мефавтад, ман бар ин назарам, ки бояд ин масъала ҳаётан муҳим арзёбӣ шавад", - гуфт Алламҷонов.

Дар қонунгузории амалкунандаи Узбекистон ҷазо барои дар сурати сархушӣ рондани нақлиёт аз 1 солу 6 моҳ то 3 сол маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагӣ ва ҷарима дар ҳаҷми 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG