Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хариди гази табииро аз Туркманистон дар соли 2021 ду баробар кардааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Русия воридоти гази табииро аз Тукрманистон дар соли ҷорӣ афзудааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми декабр сафири Русия дар Ишқобод хабар дод.

"Дар маҷмуъ, соли ҷорӣ Русия аз Туркманистон наздики 10 миллиард метри мукааб гази табиӣ харидааст, ки нисбати соли 2020 қариб ду баробар бештар аст", гуфт Александр Блохин, сафири Русия дар Туркманистон.

Гази табиии нисбатан арзони Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия имкон дод, ки содироти онро ба Аврупо бештар кунад. Интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Русия дар соли 2016, ба далели баҳси қимати он, қатъ шуда буд.

Ширкати "Газпром"-и Русия дар соли 2019 бо ҷониби Туркманистон ба созиш расида, шартномаи панҷсола баст. Ин шартнома интиқоли на камтар аз 5,5 миллиард метри мукааб газро дар сол ба Русия пешбинӣ мекунад.

То соли 2010 Русия бузургтарин харидори гази Туркманистон буд. Аммо дар соли 2020 Чин дар хариди гази табиии Туркманистон пешсаф шуд. Туркманистон ҳамасола ба Чин то 40 миллиард метри мукааб газ интиқол медиҳад.

Туркманистон - чаҳорумин кишвари дорои захираи бузурги гази табиӣ аст.

XS
SM
MD
LG