Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як садамаи Эрон 10 нафар ҷон дод


Аҳвоз, садамаи автомобилӣ. 25 декабри соли 2021
Аҳвоз, садамаи автомобилӣ. 25 декабри соли 2021

Дар як садамаи автомобилии ҷанубуғарби Эрон дастикам 10 нафар ҷон дод. Ба иттилои хабаргузории ИРНА, фоҷеа замони бархӯрди мошини борбарбе ба як минибус рух дод. Як минибусе бо коргарон аз шоҳроҳе убур мекард, ки шаҳрҳои Хуррамшаҳр бо Аҳвози вилояти Хузистонро мепайвандад. Шумори маҷрӯҳшудагони ба беморхона интиқолёфтаро панҷ то понздаҳ нафар мегӯянд. Садамаҳои автомобилӣ дар Эрон бисёр рух медиҳад ва яке аз пурқурбонитарини он моҳи марти имсол буд, вақте 14 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак ҷон доданд. Соле дар роҳҳои Эрон 17 ҳазор нафар кушта мешавад.

XS
SM
MD
LG