Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод ба "сахттар кардани" ҷазои муҳоҷирон барои қонуншиканӣ дар Русия


Як мутахассиси руси умури муҳоҷирати байналмилалӣ мегӯяд, муҷозоти муҳоҷирон барои содир кардани ҷиноят дар хоки Русия бояд сахттар шавад. Раиси бахши русии Анҷумани байналмилалии пулис Юрий Жданов рӯзи 22 декабр дар сӯҳбат бо РИА Новости гуфт, барои ҷиноят дар бахши муҳоҷират "ҷавобгарии ҷиноӣ кофӣ нест". Жданов таъкид кардааст, ки бояд муҷозот барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ пурзӯр карда шаванд. Ба гуфтаи вай, шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия аз 2,5 то 10 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия, соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон 6 фойиз афзоиш ёфтааст. Зимнан, сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ҳафтаи ҷорӣ ба 133 муҳоҷири тоҷик, ки дар боздоштгоҳи муввақатии Сахорово нигаҳдорӣ мешаванд, шаҳодатномаи бозгаштро супруда, онҳоро рӯзҳои наздик ба ватан интиқол медиҳанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомот ва қонунҳои Русияро аз назари маҳдуд ва поймол кардани ҳуқуқу имкониятҳои муҳоҷирони корӣ, ки бозори кораш ба ин нирӯ бисёр сахт эҳтиёҷ дорад, интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG