Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси маҳдудияти интернети Бадахшон дар ҷаласаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон


Дар ҷаласаи Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми декабр дар Душанбе сурат гирифт, масъалаи қатъи интернет дар Бадахшон баҳс шуд. Қурбон Аламшоев, яке аз аъзоёни фаъоли Шӯрои ВАО аз вилояти Бадахшон ин масъаларо дар миён гузошт.

Ӯ аз Бахтиёр Ҳамдам, раиси Шӯро пурсид, ки оё маҳдудияти интернет дар вилоят кори журналистонро дар ин минтақа мушкил накардааст ва ин нақзи ҳуқуқи ҷомеа нест?

Раиси Шӯро посух дод, ки вай зидди чунин маҳдудиятҳо мебошад. "Ҳар қадар маҳдудиятҳо бештар шуд, пахши хабарҳои бардуруғ ҳамон қадар зиёд мешавад"- афзуд, Бахтиёр Ҳамдам дақиқан посух надод, ки барои ҳалли ин мушкил чӣ корҳое кардаанд.

Дастрасӣ ба интернет пас аз эътирозҳои охири моҳи ноябр дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар ҷараёни амалиёт ниҳодҳои қудратӣ қатъ шуд.

Бо гузашти як моҳ аз ин қазия, интернет ҳанӯз ҳам масдуд аст, ки мустақиман ба иқтисоди мардум ва минтақа таъсир гузоштааст. Мақомот аз шарҳ додани вазъият худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG