Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 11,5 ҳазор нафар афв шудаанд


Садҳо нафар имсол бар асоси Қонуни афв раҳо шуданд.
Садҳо нафар имсол бар асоси Қонуни афв раҳо шуданд.

Бар асоси Қонуни афв, ки моҳи сентябри имсол ба иҷро даромад, 11 ним ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардидааст.

Ин қонун ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон қабул шуда буд.

Дар ин бора президент Эмомалии Раҳмон, дирӯз зимини ироаи паёми соланааш ба парлумон гуфт. Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, дар давраи мустақилияти Тоҷикистон 17 бор Қонуни авф қабул гардида, дар маҷмӯъ 170 ҳазор нафарро фаро гирифтааст.

Мухолифон аз ин қонун интиқод карданд. Пештар гуфта мешуд, ки эҳтимол бар асоси он чеҳраҳои сиёсии зиндонӣ озод шаванд, вале ин қонун ба ин афрод рабт нагирифт.

Қонун дар бораи афви ахир 6-уми сентябри имсол аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардида, гуфта мешуд, ки нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ мешавад. Аз ҷумла, беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, гуноҳи қариб 6 ҳазори дигарро кам мекунанд. Дар ҳамин ҳол, баъди ба иҷро даромадани қонун, ҳолатҳои дигарбора даст ба ҷиноят задани баъзе аз маҳбусони раҳошуда сабт гардидааст.

XS
SM
MD
LG