Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби "Истиқлол" шабона баста мешавад


Роҳ ба сӯи нақби "Истиқлол"
Роҳ ба сӯи нақби "Истиқлол"

Нақб ва ё тунели "Истиқлол" муваққатан аз соати 21 то 24-и шабона барои ҳаракати нақлиёт баста мешавад.

Ширкати IRS масъули нигоҳубни роҳи Душанбе-Чаноқ мегӯяд, ин маҳудидият аз бегоҳи дирӯз ба хотири анҷом додани корҳои таъмирӣ ва насби ҳавокашҳо дар дохили нақб роҳандозӣ шудааст.

Дақиқ нест, ки ин маҳдудият барои чанд рӯз пешбинӣ гардидааст. Қаблан эълон шуда буд, ки аз 20 -уми декабр ва дар муддати 10 рӯзи оянда, дар робита ба корҳои таъмирӣ, дар соатҳои рӯзона, яъне аз 9 то 13 рафтуомади мошинҳо тариқи нақб аз ду самт боздошта мешавад.

Тоҷикистон ва Эрон барои такмили нақби "Истиқлол" дар моҳи январи имсол қарордод имзо карда буданд. Бар пояи он, дар ин марҳила такмили системаи рӯшноӣ, насби дурбинҳо, ҳавокашҳо ва системаи зиддисӯхтор дар назар аст, ки барои эминии ҳаракат дар дохили нақб муҳим мебошад.

XS
SM
MD
LG