Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои вазнабардори тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскав


Абдусаттор Сатторов.
Абдусаттор Сатторов.

Варзишгари тоҷик Абдусаттор Сатторов дар мусобиқаи VII қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг (WRPF), ки рӯзҳои 16-19-уми декабр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Ин вазнабардори 24-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни 75 кило бо натиҷаи умумии 350 килограмм мақоми аввалро касб кард.

Ба иттилои хабаргузории Channel, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки бори ҳафтум сурат гирифт, ҳудуди 3 ҳазор варзишгар аз 31 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар яке аз толорҳои бузурги Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Маскав доир гардид.

Дар мусобиқа ҳам варзишгарони ҷавон ва ҳам пуртаҷриба, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, мувофиқи синну солашон дар гурӯҳҳо рақобат карданд. Бархе аз иштироккунандагон рекордҳои нав гузоштанд.

Бояд гуфт, ки дар шаш мусобиқоти пешин ҳудуди 45 ҳазор варзишгарони зӯртарин аз 52 кишвар иштирок карда буданд.

XS
SM
MD
LG