Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Мирзо дар бораи “облава” тафсилот надод


Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон шикоятҳо аз идомаи "облава" ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артишро рад кард.

Сокинон ва созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, бо вуҷуди хатми мавсими даъват ба артиш дар рӯзи 30-уми ноябр тариқи зӯр ҷавонон ба артиш ҷалб шудаанд.

Шералӣ Мирзо рӯзи 22-юми декабр пас анҷоми ҷаласаи порлумонӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо дар бораи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шикояте нарасидааст. Ӯ дар посух ба ин савол, ки пас чаро бо вуҷуди анҷоми нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш ҳанӯз шикоятҳо садо медиҳад, кутоҳ посух дод, ки “чунин нест.”

Вазири дифои Тоҷикистон аз тафсилоти бештар, аз ҷумла дар мавриди бар ивази маблағ озод шудани ҷавонон ба артиш, ки ин шабу рӯз бештар дар ин бора ҷавонон пурсон мешаванд, посух надод. Ӯ танҳо таъкид кард, ки дар мавриди даъват ҷавонон як барномаи алоҳидаи телевизионӣ таҳия ва пахш хоҳанд кард.

Ҳарчанд, Вазири мудофиаи Тоҷикистон вуҷуди облава пас аз 1-уми декабрро рад кард, вале сокинон пештар ба расонаҳои маҳаллӣ шикоят карданд, ки фарзандонашон ҳангоми бозгашт аз Русия бо зӯр ба артиш бурда шудаанд.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз вуҷуди “облава” ба мақомоти дахлдор хабар додаанд. Ба гуфтаи Самадова, дар ду ҳафтаи аввали моҳи декабр “облава” вуҷуд дошт ва аз сокинон чандин шикоят дарёфт кардаанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 30-уми ноябр хабар дод, ки даъват ба сафи артиш анҷом ёфтааст, вале ба хотири омодагӣ ба даъвати баҳорӣ ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ даъват хоҳанд шуд.

Дар ду навбат, тирамоҳ ва баҳор, давоми чор моҳ даъвати ҷавонон ба артиш бо фармони президенти Тоҷикистон давом мекунад. Ҳамасола садҳо нафар аз ҷалби иҷбории наздикон ё фарзандонашон ба сафи артиш шикоят мекунанд. Мақомот пайваста ин иддаоро дуруғ меноманд. Бо гузашти солҳо, ҳанӯз мақомот муввафақ нашудааанд, ки ҷавононро ихтиёрӣ ба сафи артиш ҷалб созанд.

Хидмат дар артиш барои ҷавонони сини 18 то 27-солаи қобили хидмат ҳатмӣ аст.

Бар асоси моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ ҳангоми даъват ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то 5 сол маҳбас таҳдид мекунад. Мақомот имсол хабар доданд, ки даҳҳо нафарро барои нарафтан ба артиш парванда кардаанд.

Аммо бисёри волидайн шикоят мекунанд, ки ба хонаҳояшон даъватнома намеоранд, вале аз хиёбону донишгоҳ писаронашонро облава мекунанд. Коршиносон низ мегӯянд, мақомот аз шеваи қонунии даъват кор намегирандан ва ҳамаро баробар ба артиш даъват намекунанд ва бештар мехоҳанд ин корро бо зур анҷом диҳанд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG